Оё забони тарҷумаи филмҳои бадеӣ ба меъёрҳои забони давлатӣ ҷавобгӯ аст?26-10-2016, 09:14
Хабарро хонданд: 538 нафар
Назарҳо: 0
28-уми октябр соати 10.00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забони тарҷумаи филмҳои бадеӣ бо намояндагони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, КВД кино ва видеоии «Тоҷиккино», Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва студияҳои хусусии тарҷумаи филмҳо ҷамъомад доир мегардад. Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки Кумита ин вохӯриро дар асоси «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» роҳандозӣ намудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.