Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МАВҚЕИ ДЗЮДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР РАДДАБАНДИИ НАВИ ОЛИМПӢ

МАВҚЕИ ДЗЮДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР РАДДАБАНДИИ НАВИ ОЛИМПӢ

3-09-2019, 09:14
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
МАВҚЕИ ДЗЮДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР РАДДАБАНДИИ НАВИ ОЛИМПӢ
Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пас аз натиҷагирии Чемпионати ҷаҳон, ки аз 25 август то 1 сентябр дар шаҳри Токиои Давлати Ҷопон баргузор шуд, раддабандии нави олимпиро нашр кард.
Ба иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар ширкат кард. Дзюдочиёни мо аз медали чемпионат маҳрум монданд, аммо ду варзишгари мо дар вазни -73кг – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков натиҷаи хуб нишон дода, ҷои панҷумро ишғол намуданд ва сазовори 720-холӣ гардиданд.
Дар раддабандии олимпӣ Хоҷазода Беҳрӯз аз ҷои 33-юм ба ҷои 15-ум, Сомон Маҳмадбеков аз ҷои 37 ба ҷои 20-ум баромаданд. Дар вазни +100кг Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов то даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфта, 320-холӣ дарёфт карданд ва Темур аз ҷои 29 ба ҷои 24-ум, Шакармамад бошад, аз ҷои 65 ба ҷои 42 баромаданд.
МАВҚЕИ ДЗЮДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР РАДДАБАНДИИ НАВИ ОЛИМПӢ
Варзишгарон тибқи талаботи низомномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 то 25 майи соли 2020 имкони ҷамъ кардани хол ва боз ҳам беҳтар кардани мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ доранд. Моҳи июн раддабандӣ ҷамъбаст ва 22 нафари беҳтарин дар ҳар вазн (бо дарназардошти аз ҳар КМО дар ҳар вазн як роҳхат) ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст меоранд.
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: