Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Варзишгарони тоҷик ба Бразилия сафар карданд

Варзишгарони тоҷик ба Бразилия сафар карданд

28-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 455 нафар
Назарҳо: 0
Варзишгарони тоҷик ба Бразилия сафар карданд
Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми июл соати 05:05 тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истамбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар карданд.

Тавре аз Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд, маросими гусели варзишгарон 28 июл соати 03:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст дар ин маросим масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ, собиқадорон ва ҳаводорони варзиш ширкат намуданд.

Умуман, ҳайати варзишии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст, ки ҳафт нафари онҳо варзишгарон ва 16 нафари дигар мураббиёну роҳбарони бархе аз федератсияҳои миллии варзишӣ ва ашхоси расмӣ мебошанд.

Варзишгарони тоҷик дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.

Гурзандози машҳур Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.

Ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назаров, паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (вазни +100 кг) дар риштаи дзюдо, муштзан Анвар Юнусов (вазни то 60 кг), шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов (ҳарду дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), даванда Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) дар Олимпиадаи Рио-2016 Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016
6-16 август, бокс
Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг

10 август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5-ум то 21-уми август баргузор мешаванд. Мусобиқот аз рӯи футбол, инчунин дар шаҳрҳои дигари ин кишвар – Белу-Оризонти, Бразилиа, Салвадор ва Сан-Паулу барпо мегардад.

Ин аввалин Бозиҳои олимпӣ дар Америкаи Ҷанубӣ, дувумин Бозиҳои олимпӣ баъди Олимпиадаи соли 1968 дар Мехико дар Америкаи Лотинӣ ва нахустин Бозиҳои олимпӣ сар аз соли 2000-ум дар нимкураи ҷанубӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин Олимпиада шумораи маҷмӯи медалҳо (301) ва теъдоди кишварҳои ширкаткунанда (206) рекордист.

Барномаи Бозиҳо тақрибан ба мисли Бозиҳои пешин аст. 9 октябри соли 2009-ум дар сессияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки шаҳри мизбони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ интихоб гардид, инчунин бар асоси раъйдиҳӣ регби - 7 ва голф ба рӯйхати намудҳои олимпии варзиш дохил шуданд ва оид ба ин намудҳо барои аввалин бор мусобиқоти олимпӣ баргузор мешаванд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Соли 1996-ум. Тоҷикистон барои бори аввал чун кишвари соҳибистиқлол дар Бозиҳои XXVI тобистонаи олимпӣ, ки дар Атлантаи ИМА баргузор гардид, иштирок кард. Тоҷикистонро нӯҳ варзишгар дар панҷ намуд муаррифӣ намуд, вале ба муваффақият ноил нагардид.

Соли 2000-ум. Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXVII тобистонаи олимпӣ дар Сиднейи Австралия бо шумули чор варзишгар дар ду намуд ширкат варзид, вале бе медал баргашт.

Соли 2004-ум. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXVIII тобистонаи олимпӣ дар Афинаи Юнон нӯҳ варзишгар аз рӯи панҷ намуди варзиш дохил буд, вале бе медал монд.

Соли 2008-ум. Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекини Чин барои аввалин бор соҳиби ду медал - як медали нуқра ва як медали биринҷӣ гардид. Мунтахаби кишвар дар ин бозиҳо аз 15 нафар иборат буд ва дар ҳашт намуд ширкат кард. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов аз рӯи гуштии озод соҳиб шуд. Медали биринҷиро Расул Боқиев дар риштаи дзюдо ба даст овард.

Соли 2012-ум. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон аз 16 варзишгар иборат буд, ки дар ҳафт намуд иштирок карда, соҳиби як медал шуд. Мавзуна Чориева дар риштаи бокси занона барандаи медали биринҷӣ гардид.
И.Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: