Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Кӯҳдоман

Дар Кӯҳдоман

14-08-2019, 16:15
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кӯҳдоман
Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи Кӯҳдомани ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Расулзода Насимҷон - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сайдалӣ Шамсов- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, Анзурат Сироҷова - раиси маҳалла ва сокинон иштирок намуданд.
Н. Расулзода дар бобати дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи арзишҳои миллию умумибашарӣ, нигоҳ доштани маърифати волои тоҷикона, талқин намудани фарҳанги либоспӯшии миллӣ байни занону духтарон, тарбияиҷавонон дар роҳи меҳанпарастӣ, мустаҳкам намудани маърифати оиладорӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни навхонадорон ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуд. Дар идома баҳри саривақт ислоҳ кардани камбудиҳои ҷузъиву куллии маҳалла ба сохторҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ёрии сокинону шахсони саховатпеша ва масъулини сохторҳои ноҳия бо сокинон мубодилаи афкор ва маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Аз ҷониби масъулини ҳизби пешоҳанги ҷомеа-ҳизби ормонҳои деринаи халқу миллат-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои бо ҷавонони ба синни оиладорӣ расида ва оиладор бурдани корҳои индивидуалӣ тавсия дода шуд.
Дархосту пешниҳодҳои сокинон оид ба масъалаҳои ҷамъиятиву шахсӣ ба раиси Кумитаи ноҳиявии иҷроияи ҲХДТ ироа гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: