Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аёдати беморон ва кор бо ҷавонон

Аёдати беморон ва кор бо ҷавонон

28-02-2018, 09:01
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0

Аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои мушаххасшуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иқдомоти лозимро ба нақша гирифта, дар ҳаёт татбиқ мекунанд.
Бо ин мақсад 23 феврал Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор шуд, ки дар он фаъолияти сохторҳои ҳизб дар соли гузашта, роҳҳои амалисозии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва нақшаи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018 ва вазифаҳои ҳизбиён дар соли равон баррасӣ шуд.
Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия вазифаҳои ташкилотҳои ноҳиявии ҲХДТ, тадбирҳои татбиқшаванда ҷиҳати беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ ва муаррифии нақшаҳои созандаи ҳизб мушаххас гардид.
Насимҷон Расулзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ, аз ҷумла гуфт, ки яке аз бахшҳои фаъолияти ҳизбиён дар соли гузашта дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳри Душанбе аёдати беморону маъюбон ва кумак ба оилаҳои ниёзманд буд.
Бо ташаббуси КИ ҲХДТ ва дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» - и ноҳия ҳашару шанбегиҳо гузаронида шуд.
Аз ҷумла кормандони ҳизб дар ин давра барои обод намудани Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ, маҳаллаи Шафтолузор фаъолона иштирок карданд.
Аз ҷониби КИ ҲХДТ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ, бедор намудани ҳисси ватандўстиву худогоҳӣ, коҳиши амалҳои номатлуб, ба монанди терроризму ифротгароӣ бо сокинони маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Умари Хайём, Сурхоб вохўриҳо дар мавзўъҳои «Ифротгароӣ чист ва киҳоро ифротгаро мегўянд?», «Радикализм ба экстремизм мебарад», «Хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ» ва ғайра суҳбатҳо баргузор шуд. Ҳамчунин дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Сомониён», «Кўҳкор», «Пойтахт», «Дўстӣ», «Ифтихори миллат», «Обшорон» ва 68 ташкилоти ибтидоии дигари ноҳия дарсҳои сиёсӣ гузаронида шуд.
Зикр гардид, ки аҳолии ноҳия зиёда аз 143 ҳазор нафар буда, соли 2017 бо ташкили 11 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шумораи умумии ташкилотҳо ба 168 расид.
Дар маҷлис аз рўи гузориши раиси КИ ҲХДТ Ҳусния Кучарова - узви КИ, мудири кўдакистони №17, Самӣ Шариф – узви КИ, раиси ноҳияи
Исмоили Сомонӣ, Абдулазиз Одинаев – мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сухан гуфта, назару андешаҳояшонро доир ба масъалаҳои мазкур мавриди баҳс қарор доданд.
Дар поёни маҷлис ба чанде аз фаъолони ташкилотҳои ҳизбӣ Ифтихорнома ва Сипосномаҳои КИ ҲХДТ супорида шуд.
Муҳриддин Ғаффоров,
корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: