
Масъулин зимни баромади хеш оид ба суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ боло бурдани обруву нуфузи ҲХДТ вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб мебошад, ибрози назар намуданд. Қайд карда шуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан – модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд.
Ба 16-нафар кормандони ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардиданд, дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ва “Комерсбонк” номгузорӣ карда шуд. Бо ҷонибдории аксарияти аъзои ҳизб Суфишоев Ҳайдаршо-Раиси ташилоти ибтидоӣ ва Сироҷов Илҳом –котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.