Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тарғиби ҳаёти солим

Тарғиби ҳаёти солим

14-08-2019, 16:10
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
Дар муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №8-и ноҳияи Спитамен бо иштироки мудири бахши кор бо занони кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия Дилфуза Саидхӯҷаева дар мавзӯи “Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар муассисаҳои таълимӣ” вохӯрӣ доир гардид. Д. Саидхӯҷаева дар баромади худ гуфт, ки аз июн то сентябр дар кӯдакистонҳо моҳҳои солимгардонӣ гузаронида мешавад. Давоми ин муддат мураббияҳоро зарур аст, ки бо кӯдакон бисёртар корбарӣ намуда ба обутобдиҳӣ, ташкили бозиҳои шавқовар ва оббозӣ дар ҳавзи шиновариро дуруст ба роҳ монанд. Инчунин ба ғизои кӯдакон эътибори ҷиддӣ бояд дод то кӯдакон аз истеъмоли нӯшобаву таомҳо дар фасли гармо заҳролуд нашаванд. Барои ин ходими тиббӣ ва ошпазҳои муассисаро зарур аст, ки ҳолати санитарии ошхонаро риоя намоянд. Мушовири муассисаи мазкур Мунаввара Бобоҷонова суханони мудири кор бо занони кумитаи иҷроияро дастгирӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳолати санитарию гигиенӣ кӯдакистон дар сатҳи хуб қарор дошта, маъмурияти муассиса барои беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ чораҳои мушаххас хоҳанд андешид.
«МХ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: