Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили Рӯзи кӯдакон

Таҷлили Рӯзи кӯдакон

1-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Рӯзи кӯдакон
Дар идораю муассисаҳои шаҳри Панҷакент, аз ҷумла ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Рӯзи байналмиллии кӯдакон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар чорабиниҳои идона, ки ба муносибати Рӯзи кӯдакон дар дар муассисаи давлатии тиббӣ-педагогӣ ва равоншиносии шаҳр ва маркази корҳои тарбиявии берун аз мактабии шаҳр баргузор гардид, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода иштирок ва кӯдаконро бо рӯзи идашон табрик намуд. Ӯ қайд кард, ки кӯдакон ояндаи ҷамъияти мо мебошанд. Онҳо ба ғамхорӣ ва дастгирию тарбияи дуруст ниёз доранд. Ҳуқуқу озодиҳои онҳо таҳти ҳимояи давлат аст. Муассисаҳои давлатӣ ва падару модарон вазифадор ҳастанд, ки ба таълиму тарбияи кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар охири чорабиниҳо ба зиёда аз 30 нафар кӯдакони маъюб ва мӯҳтоҷу ба дастгирӣ ниёздошта аз номи КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тӯҳфаҳои идона супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: