Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Сулаймон Султонзода: «Дар шаш моҳ зиёда аз 250 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд»

Сулаймон Султонзода: «Дар шаш моҳ зиёда аз 250 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд»

31-07-2019, 10:43
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Тӯли шаш моҳ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 250 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Дар ин бора директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар рафти чорабинӣ зикр шуд, ки маблағи мазкур аз ҷониби кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилоти байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда ва дигар муассисаҳои буҷетӣ зимни гузаронидани санҷишҳои молиявӣ ба қайд гирифта шуд.

«Аз маблағҳои ошкорнардида камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ- 22,5 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ-112 миллион сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо-14,6 миллион сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пуливу молӣ 9,8 миллион сомонӣ ва зарар аз фурӯшу иҷораи амволи давлатӣ 15,4 миллион сомониро ташкил медиҳад», — афзуд Сулаймон Султонзода.

Ба гуфтаи мавсуф, дар маҷмӯъ аз зарарҳои молиявии ошкоргардида 161,7 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Зикр гардид, ки дар ин муддат раванди татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 таъмин гардид.

Бояд гуфт, ки мубориза бо коррупсия аз маҷмӯи тадбирҳои гуногуни ҷиноятию ҳуқуқӣ ва пешгирикунанда иборат буда, нишонаи иродаи қавии сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва адолат дар ҷомеа, амнияти иқтисодии давлат ва рушди кишвар маҳсуб мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти аср дар мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» амал карда, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 мавриди татбиқ қарор дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: