Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10 – солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10 – солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

10-01-2017, 11:26
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10 – солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

10.01.2017, шаҳри Душанбе
Муҳтарам кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳадафи чорабинии имрӯзаи мо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақоми махсуси мубориза ба муқобили коррупсия — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати даҳсолагии таъсиси он мебошад.

Ба ин муносибат роҳбарият ва ҳамаи кормандони мақомоти назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияро самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо ва ҳар яки шумо, ҳозирини арҷманд барору комёбӣ орзу менамоям.

Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Ин зуҳурот решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, имрӯз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.

Ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Ҳанӯз 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» қабул гардида, дар он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян карда шуданд.

Ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуданд.

Ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.

Дар даврони истиқлолият ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.

Дар ин самт ҳамаи санадҳои дахлдори байналмилалӣ, аз ҷумла соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ба тасвиб расонида шуданд.

Бо дарназардошти он, ки коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноки глобалӣ мебошад, соли 2003 Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомил гардид ва дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳо оид ба мубориза бо коррупсия иқдомоти зиёдеро вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт амалӣ намуд.

Коррупсия дар тамоми шаклҳояш рафтори зиддиҳуқуқӣ эътироф гардида, нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин кирдор ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуд.

Ҳамин тавр, заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия муҳайё карда шуда, мақомоти ба муқобили коррупсия муборизабаранда муайян карда шуданд.

Мо бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ва ҷиҳати фарогирии масъалаҳои марбут ба коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро қабул намудем, ки ба рафъи омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар қонунгузории кишвар тақвияти муқовимат бо коррупсия ва гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсияро ҳамчун шарти ҳатмӣ муқаррар намуда, ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ санҷиши ҳолатҳои содир гардидани кирдори коррупсиониро зарур шуморидем.

Дар натиҷаи ин чорабиниҳо шиддати коррупсия дар кишвар тадриҷан коҳиш ёфта, эҳсоси таҳаммулнопазирии мардум нисбат ба чунин амалҳои нангин хеле афзуд.

Афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо низ ба таври мусбат тағйир ёфта, соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар индекси байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло баромад.

Аз ин лиҳоз, бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот муваффақ шудааст.

Дӯстони азиз!

Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад.

Вазифаҳои мақомоти мубориза бар зидди коррупсия муҳимму мураккаб буда, онҳо ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷамъият, ташкилоту идораҳо, таъмини қонуният, ошкор ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор равона гардиданд ва бинобар ин, аз кормандони он донишу малакаи пухтаи касбӣ ва масъулияти баландро тақозо мекунад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, пеш аз ҳама, бояд озод аз коррупсия бошад.

Яъне худи кормандони ин ниҳод бояд шахсони пок бошанд, манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло донанд, даст ба қонуншиканӣ назананд ва барои кормандони дигар мақомоти давлатӣ намуна бошанд.

Зеро бидуни доштани чунин сифатҳои неки инсониву касбӣ мо наметавонем дар мубориза бо ин кирдори ҷиноятӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ шавем.

Таҳлили кори агентӣ нишон медиҳад, ки кормандони он вазифаҳои худро поквиҷдонона иҷро менамоянд, дар фаъолияти худ қонуниятро риоя карда, барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар ин самт тамоми чораҳоро андешида истодаанд.

Тайи даҳ соли фаъолият аз тарафи ин мақомот ҷиҳати пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Дар ин давра агентӣ дар вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо 12 ҳазор тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии қариб 2 миллиард сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааст.

Агар соли 2007 – ум 130 миллион сомонӣ зарар ошкор шуда бошад, ин рақам соли 2016 – ум 386 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар даҳ соли охир аз маблағи умумии зарарҳои молиявии ошкоргардида 529 миллион сомонӣ ё 27 фоизро изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон, 521 миллион сомонӣ ё 26,6 фоиз маблағҳои кам ҳисобишуда ва рӯйпӯшшудаи андозҳо, 672 миллион сомонӣ ё 34 фоиз талаф, камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ, 151 миллион сомонӣ пардохти беасоси музди меҳнат, нафақа, ҷубронпуливу сафархарҷиҳо ва 85 миллион сомониро зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, аз ҳисоби маблағи бақияпулиҳои андоз 88 миллион сомонӣ, кам кардани маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ 25 миллион сомонӣ, кам кардани қарзҳои беасоси кредиторӣ ва дебиторӣ 140 миллион сомонӣ ва зиёдомади молу мавод ба маблағи 157 миллион сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ даромад карда шудааст.

Ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қариб 5600 маводи тафтишӣ ба маблағи умумии зарари молиявӣ 1 миллиарду 241 миллион сомонӣ фиристода шудааст, ки онҳо баррасӣ ва нисбат ба шахсони гунаҳкор чораҳои дахлдор татбиқ гардидаанд.

Дар ҳамин давра ҷиҳати назорати истифодаи самараноки қарзҳои давлатии дохилӣ ва хориҷӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Тоҷикистон ҷалб шудаанд, дар фаъолияти марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 182 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи 120 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст, ки 66 миллион сомонӣ ё 55 фоизи он ба ду соли охир рост меояд.

Аз маблағи умумии зарари ошкоршуда 97 миллион сомонӣ ё 82 фоизи он барқарор карда шудааст.

Агентӣ ба нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ низ диққати махсус зоҳир намуда, дар давраи фаъолияти худ моликияти давлатии ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидашударо ба маблағи умумии зиёда аз 84 миллион сомонӣ ошкор намудааст.

Дар раванди хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ шаффофият таъмин нашуда, баргузории тендерҳои қалбакӣ, мавҷуд набудани рақобати воқеӣ ва забоняккунӣ байни тарафҳо, ба таври дахлдор иҷро нашудани уҳдадориҳои шартномавӣ ва дар ин замина тасарруф намудани маблағҳои буҷетӣ то ҳол аз байн нарафтааст.

Ҳолатҳои тавассути сохтакории ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ, музди меҳнат ва маъюбӣ тасарруф намудани маблағҳои барои нафақа пешбинишуда тамоюли афзоиш дошта, зарур аст, ки агентӣ таваҷҷуҳи худро ба ин самт низ пурзӯр намояд.

Дар ин кор баъзе масъулини мақомоти давлатӣ низ даст дошта, маҳз мусоидат ё шарикии онҳо содиршавии ин ҷиноятҳоро имконпазир мегардонад.

Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ дар давраи фаъолияти худ беш аз 12 ҳазор ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва бо андоз алоқамандро ошкор кардаанд, ки қариб 3700 ҳолати онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти агентӣ дар ин самт низ беҳтар гашта, шумораи ҷиноятҳои ошкоргардида дар соли 2016 нисбат ба соли 2007 чор баробар афзудааст.

Маблағи зарари молиявӣ аз ҳисоби ҷиноятҳои ошкоргардида дар давраи таҳлилӣ 980 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар рафти санҷишу тафтишот 294 миллион сомонии он барқарор шудааст. Зарур аст, ки маблағи зарари ошкоргардида пурра барқарор карда шавад.

Таҳлили омори даҳсола нишон медиҳад, ки ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Аз ҷумла, агар соли 2007 ҳамагӣ 464 ҷиноят ошкор карда шуда бошад, ин рақам соли 2016 қариб ба 1900 адад расидааст.

Бахусус, тайи 5 соли охир шумораи ин ҷиноятҳо хеле афзуда, аз 1320 ҷинояти дар соли 2012 содиршуда то 1900 ҷиноят дар соли 2016 афзудааст.

Аз рӯи маълумоти агентӣ шумораи ҷиноятҳои ошкоргардида дар даҳ соли охир дар мақомоти корҳои дохилӣ ва вазорати нақлиёт якуним баробар, мақомоти судӣ ва прокуратура зиёда аз ду баробар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ зиёда аз чор баробар, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ беш аз панҷ баробар афзоиш ёфтааст.

Дар соҳаи бонкӣ кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта танҳо дар ду соли охир зиёда аз дуюним баробар ва нисбат ба соли 2007 беш аз 80 баробар афзудаанд.

Илова бар ин, таъкид месозам, ки дар давоми даҳ соли охир нақшаи буҷети давлатӣ аз 3 миллиарду 780 миллион ба 19 миллиарду 860 миллион сомонӣ, ҳаҷми маблағгузории мутамарказ аз 1 миллиарду 350 миллион ба 3 миллиарду 175 миллион сомонӣ ва сармоягузории давлатии берунӣ аз 1 миллиарду 270 миллион қариб ба сеюним миллиард сомонӣ расидааст.

Назорати истифодаи шаффоф ва самараноку мақсадноки чунин маблағҳои бузург, пеш аз ҳама, вазифаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мебошад ва аз кормандони он сатҳи баланди касбӣ ва муносибати бисёр ҷиддиро талаб менамояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки аз маълумоти зикргардида бармеояд, бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, вазъи содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта то ҳанӯз боиси нигаронӣ боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар субъектҳои бо коррупсия муборизабаранда бояд дар баробари пешгирӣ, ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор, инчунин, доир ба барқарор кардани зарарҳои моливу пулии ба давлату ҷамъият расонидашуда чораҳои қатъӣ андешанд.

Дар мубориза ба муқобили коррупсия саҳми аҳли ҷомеа низ хеле пурарзиш мебошад. Таҳлили натиҷаҳои пурсиши сотсиологие, ки соли сипаришуда аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба арзёбии вазъи коррупсия дар байни аҳолӣ гузаронида шуд, метавонад ба тақвияти мубориза бо ин зуҳуроти нангин ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеа нақши муҳим гузорад.

Аксарияти мусоҳибон сатҳи коррупсияро дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милливу сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд арзёбӣ кардаанд.

Дар соли 2016 аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 145 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир гардидааст.

Аз ин шумора 45 ҷиноят аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, 20 ҷиноят дар Вазорати адлия, 15 ҷиноят дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 12 ҷиноят дар Вазорати мудофиа, 1 ҷиноят дар мақомоти прокуратура ва 5 ҷиноят аз тарафи кормандони мақомоти судӣ содир карда шудааст.

Инчунин, 90 ҷинояти содирнамудаи кормандони соҳаи маориф, 103 ҷинояти кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 12 ҷинояти дар комиссариатҳои ҳарбӣ ва 31 ҷинояти кормандони соҳаи идораи замин содиршуда дурустии назарсанҷиро собит месозанд.

Кормандони агентӣ ҳолатҳои хариду фурӯши ғайриқонунии замин, беасос аз истифода берун мондани заминҳои корами обӣ, қабули қарорҳои ғайриқонунӣ аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, худсарона аз худ намудани қитъаҳои заминро ошкор намудаанд.

Танҳо зарари дар шаҳри Панҷакент дар натиҷаи ба Корхонаи муштараки «Зарафшон» ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин расонидашуда беш аз 31 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин, ба агентӣ зарур аст, ки барои барқарор кардани зарари зикршуда чораҷӯӣ намояд.

Бояд гуфт, ки амалиёт дар масъалаи ба ҳолати аввала баргардонидани заминҳои ғайриқонунӣ ҷудошуда, агар аз як тараф, амали қонунӣ арзёбӣ гардад, аз ҷониби дигар, боиси ба вуҷуд омадани норизоияти сокинон мешавад.

Ин натиҷаи назорати сусти сохтору мақомоти дахлдор аст, ки кор то марҳалаи сохтмон расидааст.

Дар робита ба ин таъкид карданиам, ки таъин кардани шахс ба мансаби давлатӣ нишонаи боварии давлат буда, сӯиистифода аз он комилан нораво ва таҳаммулнопазир аст.

Чунин шахсон бояд дар мақомоти давлатӣ кор накунанд.

Бинобар ин, ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зарур аст, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати муайян кардан ва аз мақомот барканор намудани шахсони фасодзада тадбирҳои судманд андешанд.

Лекин дар ин раванд дар хотир бояд дошт, ки танҳо бо роҳи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва аз озодӣ маҳрум кардани шахсони гунаҳкор тамоми мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намудан ғайриимкон аст.

Мо бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшем.

Агентӣ дар ин самт низ корҳои зиёдро ба сомон расонида, ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳои дахлдор зиёда аз 18 ҳазор дастури хаттӣ ва беш аз 8 ҳазор пешниҳод ҷиҳати бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ирсол намудааст.

Вале то ҳол содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ нишон медиҳад, ки ин чораҳо басанда нестанд.

Аз ин рӯ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки бо истифода аз ваколатҳои қонунии худ ба ин раванд таъсири бештар расонида, пеши роҳи қонунвайронкуниро сари вақт гиранд ва вазъиятро дар ин самт беҳтар намоянд.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти мубориза бар зидди коррупсияро зарур аст, ки барои тоза кардани мақомоти давлатӣ аз шахсони тасодуфӣ ва ҷиноятпеша чораҳои дахлдор андешанд ва пеш аз ҳама, ҳангоми қабул ба кор ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар худи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сохторҳои он дар маҳалҳо ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Тавре ки зикр гардид, дар мубориза бо коррупсия шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд саҳми муҳим гузоранд.

Бо ҳамин мақсад, зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида шаванд.

Ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан, дар байни ҷавонон баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ аҳаммияти махсус дорад.

Барои муқовимати фаъол нишон додан ба кирдорҳои коррупсионӣ зарур аст, ки чорабиниҳои иловагӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд.

Чунин муносибат метавонад боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шуда, назари онҳоро нисбат ба коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир диҳад, то ки онҳо ҳуқуқу манфиатҳояшонро дар доираи қонунгузорӣ ҳимоя намоянд.

Ба шаҳрвандон бояд нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, тарзу роҳҳои ҳуқуқии муқовимати мардум ба амалҳои коррупсионӣ, кирдорҳои коррупсионии шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, алалхусус, дар самтҳои тақсим ва вобаста намудани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, таъсису барҳамдиҳии хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хизматрасонии коммуналӣ, андоз, ҳуқуқвайронкуниҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гузаронидани санҷиш, таҳқиқ ва тафтишот, ки айни замон боиси ташвиши шаҳрвандони кишвар шудааст, фаҳмонида шавад.

Мехоҳам ёдрас шавам, ки дар мубориза бо коррупсия фаъолияти Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия назаррас бояд бошад. Шӯрои мазкур имконият дорад ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон, олимону коршиносон, муҳаққиқону рӯзноманигорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилаливу байнидавлатӣ густариш диҳад.

Ҷиҳати ба аҳолии кишвар сари вақт ва дуруст расонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия, зарур аст, ки дар воситаҳои ахбори омма силсилаи барномаҳои махсус ташкил карда шаванд.

Дар ин раванд, тавассути барномаҳои фарҳангӣ бо роҳи нишон додани паҳлуҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ, оқибатҳои номатлуби иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқиву маънавӣ, ҳуқуқӣ ва зиёни он ба саломатӣ, манфиати оила ва фарзандон, метавон ба раванди мубориза ва муқовимат ба коррусия таъсири мусбат расонид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиҳати беҳтар гардонидан ва ба талаботи замона мувофиқ намудани касбияти кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия такмили барномаҳои махсуси таълимӣ ва дастурамалҳои илмиву амалӣ оид ба муқовимат ба коррупсия зарур аст.

Бо дарназардошти ин, ҳар як корманди мақомоти зидди коррупсияро зарур аст, ки муносибати худро ба вазифаи хеш дар асоси талаботи қонун ба роҳ монда, ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза дар ин самт чораҳои зарурӣ андешад.

Муҳтарам кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия!

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат нишонаи равшани мақсаду мароми қатъии мо дар самти муқовимат ба коррупсия мебошанд.

Бинобар ин, Тоҷикистон дар ин роҳ ба ҳамкориву дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафта дар ин соҳа, инчунин, ба ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми кишвар ниёз дорад.

Бовар дорам, ки кишвари мо бо амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти фаҳмондадиҳӣ, огоҳкуниву пешгирикунанда ва ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин, иҷрои талаботи қонуну қарорҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад.

Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни касбиатон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо муваффақиятҳои боз ҳам бештар ва барори кор орзу менамоям.

Ташаккур!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: