Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар «Амонатбонк» ҳам зарари молиявӣ ошкор шуд

Дар «Амонатбонк» ҳам зарари молиявӣ ошкор шуд

4-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
Дар «Амонатбонк» ҳам зарари молиявӣ ошкор шуд
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 221 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Аз ҷумла дар фаъолияти молиявию хоҷагидории Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва зерсохторҳои он 31,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.

Давлатбек Хайрзода, муовини якуми директори ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ, ки ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи Агентӣ бахшида шуд, гуфт: «Тафтишу санҷишҳо нишон доданд, ки вазъи нигоҳдории пул дар хазинаҳои бонк, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳолатҳои қарздиҳӣ ба мизоҷон тавассути бахш ва намояндагиҳои Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» аз назорати роҳбарияти садорат берун мондааст. Иттилоъ дода шуд, ки нисбат ба шахсони масъули ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ хиёнат карда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, барои барқарор намудани зарари расонидашуда тибқи талаботи қонун чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Хароҷоти ғайриқонунии пуливу молӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пуливу молӣ аз бесарусомонӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ва дигар амалҳое, ки зарари молиявӣ овардаанд, дар фаъолияти молиявию хоҷагидории сохторҳои Вазорати энергетика ва захираҳои об (47,0 миллион сомонӣ), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (7,6 миллион сомонӣ), Вазорати нақлиёт (ҶСК «Тоҷик Эйр» ва «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ба маблағи 6,3 миллион сомонӣ), Вазорати мудофиа ва сохторҳои он (2,5 миллион сомонӣ) ошкор гардидаанд.

Бинобар гузориши ин ниҳод тасарруфи амволу дороиҳои давлат дар сохторҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мушоҳида расидаанд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки аз ҳаҷми умумии зарари молиявӣ 125,5 миллион сомонӣ барқарор шудааст, ки қариб 53 фоизи зарари ошкоргардидаро ташкил медиҳад. Ба буҷети давлат 86,6 миллион сомонӣ ва ба ҳисоби корхонаҳо 38,9 миллион сомонӣ маблағҳо баргардонда шуданд.

Масъулони Агентӣ зимни нишаст дар посух ба саволи хабарнигорон гуфтанд, ки амволи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиа пурра ҳисобу китоб ва ба ҳабс гирифта шудаанд.

Фариддун Маҳмадзода, сардори раёсати назорати буҷет ва фондҳои давлатии ин ниҳод дар ин робита изҳор дошт, ки Назарзода ғайриқонунӣ 10 иншооти давлатиро аз худ карда ва ҳангоми хусусигардонӣ ба маблағи 5,3 миллион сомонӣ ба давлат зарар расондааст. Ӯ афзуд, ки парвандаи марбут ба амволи Муҳиддин Кабирӣ ҳоло дар ихтиёри Палатаи ҳисоб аст.

Қаблан мақомоти тафтишотии давлати Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ 42 бинои маъмурӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва 70 номгӯи амволи дигари Кабирӣ ва наздиконашро ошкор кардааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2007 таъсис дода шуда, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, санҷишу тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дар доираи қунунгузорӣ анҷом додани назорати давлатии молиявӣ дар ҳамаи сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаву муассисаҳо новобаста аз тобеият ва шакли хоҷагидорӣ аз вазифаҳои он мебошад.
С.Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: