Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

5-07-2019, 09:23
Хабарро хонданд: 348 нафар
Назарҳо: 0
ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Федератсияҳои футболи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҷиҳати доир кардани ду бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон ба тавофуқ расиданд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар доданд, бозиҳои рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 26 ва 29 июл дар шаҳри Таиф баргузор мешаванд. Ҳайати асосии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бозингароне ташкил медиҳанд, ки тирамоҳи имсол дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия иштирок мекунанд.

Ҳамчунин ин бозиҳо барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбанд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби ҷавонони Сурия, Лубнон ва Малдив ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ин гурӯҳ 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегарданд. Ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳхат мегиранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: