Шаҳри Душанбе макони баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2018 интихоб шуд12-01-2017, 13:24
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 12.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шаҳри Душанберо ҳамчун макони баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии бонувон тасдиқ кард. Фаластин, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам низ ба ҳайси мизбони бозиҳои интихобӣ пазируфта шуданд. Дар ин бора « the-afc.com» хабар медиҳад. Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона 21 январ дар Салтанати Уммон баргузор мешавад. Тавре пештар иттилоъ дода будем, дар мусобиқа ба ҷуз аз футболбоздухтарони тоҷик, инчунин дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Урдун, Мянмар, Тайван, Ӯзбекистон, Филиппин, Гонконг, Лубнон, Баҳрайн, Эрон, Ҳиндустон, Фаластин, Кореяи Шимолӣ, Гуам, Ироқ, Сингапур, Сурия ва Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби занонаи Урдун ба ҳайси мизбони бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 дар бозиҳои интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ чор гурӯҳ, ки сетоаш аз панҷдастаӣ ва яктоаш аз шаш даста иборат мебошад, таъсис хоҳад ёфт. Вохӯриҳои интихобӣ аз 3 то 12 апрел гузаронида мешаванд. Ғолибони чор гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз мизбони бозиҳои ниҳоӣ- Урдун, се дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар соли 2014 -Ҷопон, Австралия ва Чин мустақиман ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ дода шудаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.