Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё-2019 (U-19) роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё-2019 (U-19) роҳхат гирифт

24-10-2016, 10:53
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё-2019 (U-19) роҳхат гирифт


/АМИТ «Ховар»/. Дар бозии калидии охирини гурӯҳи «Д» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Австралия шаби гузашта дар варзишгоҳи байналмилалии Баҳрайн қувва озмуда, вохӯриро бо натиҷаи 0:0 ҷамъбаст кард ва ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё байни ҷавонони то 19-сола роҳхат гирифт. Акнун футболбозони мо дар идомаи ин бозиҳо дар қувваозмоии чорякниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Ҷопон вориди майдон мешаванд

Дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Австралия ба футболбозони мо натиҷаи мусовӣ кофӣ буд ва аз ин рӯ сармураббии даста Виталий Левченко тарҳи бозии аз муҳофизат ба ҳуҷумро ихтиёр карда, ба мақсад расид. Бозӣ ниҳоят тезутунд ва бо бартарии футболбозони Австралия гузашт. Дар дақиқаи 5-уми рақобат довари вохӯрӣ Хамис Муҳаммад Алмарии қатарӣ ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон зарбаи ҷаримавии 11-метраи шубҳаомезро таъйин кард ва дарвозабони тими кишварамон Беҳрӯз Хайриев бо маҳорати олӣ зарбаи задаи Антони Каликро баргардонд. Бешубҳа, Беҳрӯз беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ буд, ки аз оғоз то ба анҷом бе иштибоҳ ҳунарнамоӣ карда, вазъиятҳои ниҳоят мураккабро пушти сар гузошт.

Дар мавриди дигар дар дақиқаи 23-юм дар майдони назди дарвозаи австралиягиҳо баъди зарбаи Муҳаммадҷони Ҳасан тӯб ба дасти бозингари дастаи мунтахаби Австралия бархӯрд, аммо довар ба он таваҷҷуҳ зоҳир накард, ҳол он ки барои чунин ҳолат ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷазои 11-метра таъйин карда буд.


Масъулият ва шиддати бозӣ он қадар баланд буд, ки сармураббии дастаи мунтахаби Австралия худро идора карда натавонист ва довар ӯро аз нишастгоҳи мураббиён ронда, ба нишастгоҳи мухлисон фиристод. Дар дақиқаи 80-ум баъди дағал бозӣ кардан Антони Калик корти дуюми зард гирифт, ки он ба корти сурх табдил ёфт ва Калик майдонро тарк кард. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳар ду даста имкон доштанд ҳисобро кушоянд, бозӣ бо натиҷаи 0:0 ба анҷом расид. Арзиши ин мусовӣ барои футболбозини мо ба ғалаба баробар буд.

Ба ҳамин тартиб, бори аввал дар таърихи бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё( U-19) дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ба бозиҳои чорякниҳоӣ роҳхат гирифт.

Дар бозии дуюми гурӯҳи «Д» дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо дастаи мунтахаби Чин бозиашро мусовӣ (0:0) анҷом дод.

Аҷиб он аст, ки ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё байни ҷавонон се дастае, ки дар шаҳри Душанбе дар бозиҳои гурӯҳӣ ширкат карда буданд- Ироқ, Баҳрайн ва Тоҷикистон соҳиби роҳхат шуданд.



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: