Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар рейтинги нави ФИФА дастаи мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафт

Дар рейтинги нави ФИФА дастаи мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафт

3-06-2017, 11:47
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Дар рейтинги нави ФИФА дастаи мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафт
/АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 1 июн рейтинги нави дастаҳои мунтахаби миллиро интишор намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар муқоиса ба моҳи гузашта як зина боло рафт ва ҳоло бо доштани 205 хол дар ҷойи 137-ум қарор дорад. Миёни дастаҳои мунтахаби Осиё дастаи мамлакат чун пештара дар зинаи 24-ум мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии расмии навбатии худро дар доираи бозиҳои даври дуюми интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё–2019 ба муқобили дастаи мунтахаби Филиппин, ки дар рейтинги ФИФА мақоми 126-умро ишғол мекунад, баргузор менамояд. Ин вохӯрӣ 13 июн соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Рейтинги навбатии ФИФА 6 июл интишор хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: