Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ашқобод гаронтарин макони дунё барои зиндагӣ этироф шуд

Ашқобод гаронтарин макони дунё барои зиндагӣ этироф шуд

17-06-2019, 12:09
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
Ашқобод гаронтарин макони дунё барои зиндагӣ этироф шуд Пажуҳиши созмони таҳқиқотии ECA International собит кард, ки шаҳри Ишқободи Туркманистон гаронтарин шаҳри дунё аст.
Дар гузориши созмони мазкур омадааст, гаронтарин макони дунё барои зиндагӣ пойтахти Туркманистон аст. Дар арзёбиҳои созмон Ишқобод соли гузашта дар мақоми 111 қарор дошт, аммо имсол ба мақоми 110 фаромадааст.
"Мақоми Ишқобод мумкин аст, барои баъзеҳо тааҷҷубовар бошад, аммо касоне ба ин вазъ ошно ҳастанд, ки вазъи иқтисодӣ ва мушкилоти бозори арзи Туркманистонро медонанд. Болоравии мудовими сатҳи таваррум дар ҳамоҳангӣ бо бозори сиёҳи асъори хориҷӣ, гароншавии арзиши воридот маънои онро дорад, ки харҷи меҳмонони пойтахти Туркманистон бештар шудааст", - шарҳ дод Стивен Килфеддер, як намояндаи созмони ECA International.
Дар даҳгонаи шаҳрҳои гаронтарин баъд аз Ишқобод пайи ҳам Тсюрих, Женева, Базел, Берн, Ҳангконг, Токио, Сеул, Тел-Авив ва Шанхай шомил шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: