Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вуруди мошинҳои ғайришаҳрӣ ба Ишқобод манъ шуд

Вуруди мошинҳои ғайришаҳрӣ ба Ишқобод манъ шуд

25-07-2017, 12:50
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
Вуруди мошинҳои ғайришаҳрӣ ба Ишқобод манъ шуд

Дар Туркманистон ду ҳафта мешавад, мошинҳои ғайришаҳриро ба шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар роҳ намедиҳанд.
Нақлиёти мусофирбари ғайришаҳрӣ вазифадор шудаанд, мусофиронро то истгоҳи Чоганлӣ, ки дар берун аз Ишқобод ҷойгир аст, биоранд. Ронанда ё мусофироне, ки мехоҳанд, вориди пойтахт шаванд, бояд аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ истифода кунанд.

Ҳамчунин ба нақлиётҳои транзитӣ амр шудааст, ки ҳангоми сафар ба шаҳру навоҳии дигари Туркманистон аз роҳҳои берун аз Ишқобод истифода намоянд.

Сокинони Туркманистон мегӯянд, зоҳиран ин маҳдудият дар робита ба Бозиҳои осиёӣ ё "тамрину санҷиш"-е ҷорӣ шудааст. Бархе аз нозирони умур бар инанд, ки маҳдудияти вуруд ба Ишқобод то анҷоми бозиҳо идома хоҳад ёфт.

Ин иқдом ба коҳиши шумори таксиҳои хусусӣ сабаб гашта, нархи роҳкиро низ дар пойтахти Туркманистон боло рафтааст.

Бо ин мушкил сокиноне ҳам, ки мехоҳанд Ишқободро тарк кунанд, рӯбарӯанд. Зеро таксиҳои ғайришаҳрӣ маҷбуранд, мусофирони худро дар берун аз шаҳр мунтазир шаванд.

Аз 17 то 27 сентябри соли равон дар пойтахти Туркманистон 5-умин даври Бозиҳои осиёӣ баргузор хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: