Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гаронтарин ва арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зисти одамон

Гаронтарин ва арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зисти одамон

14-11-2018, 15:30
Хабарро хонданд: 140 нафар
Назарҳо: 0
      Гаронтарин ва арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зисти одамон
Ширкати Economist Intelligence Unit аллакай 33 сол мешавад, ки дар соле ду маротиба рейтинги The Worldwide Cost of Living-ро ба табъ мерасонад.
Аз рӯйи баҳодиҳии ширкати илмӣ-тадқиқотии бритонии «Economist Intelleigence Unit»(EIU) доир ба рейтинги Worldwide Cost of Living 2018, ки нашрияи The Economist омода менамояд, Сингапур соли панҷум аст, ки пайи ҳам дар рӯйхати қиммматарин шаҳрҳои ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад. Қобили зикр аст, ки чунин шаҳрҳои «гаронтарин» ба мисли Ню-Йорк, Лос-Анҷелес, Лондон, Токио ва ҳамчунин Масква ҳатто ба даҳгонаи шаҳрҳои қимматтарини ҷаҳон ворид нашуданд.
Тибқи иттилои агентии аналитикии Mercer бузургтарин шаҳрҳои Федератсияи Русия Маскав ва Санкт-Петербург дар рӯйхати 51 ва 54 мавқеъ доранд. Шаҳри Ню-Йорк аз рӯйхати даҳгона берун шуда ва ҷойи 13-ро ишғол намуд.
Дар Аврупо ҷойи 2-юмро Париж ишғол намуд, ҷойи 3-юмро аз Шветсария Сюрих аз Шветсария, ҷойи 4-умро Ҳонконг аз Хитой, ҷойи 5-умро Осло аз Скандинавия, ҷойи 6-умро Женева, ки ҳам гарон асту ҳам бой, ҷойи 7-умро Сеул аз ҳама гаронарин шаҳри Кареяи Ҷанубӣ, ҷойи 8-умро Капенгаген аз дания, ҷойи 9-умро Тел-Авив гаронтарин шаҳр дар Шарқи Наздик ва ҷойи 10-ҳумро Сидней, ки гаронтарин шаҳр дар Австралия ба шумор меравад, ишғол намуданд.
10 шаҳрҳои арзонтарини ҷаҳон барои зиндагонӣ
Аз ҳама арзонтарин шаҳрро барои зистани шаҳрвандонаш дар солӣ ҷорӣ Димишқ ишғол намуд. Гаронтар аз ӯ пойтахти Венесуэла шаҳри Каракас мебошад. Дар рӯйхати аз ҳама арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон ҳамчунин се шаҳри Ҳиндустон-Бангалор, Чинай ва Ню-Дели ворид гардидааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рӯйхати аз ҳама арзонтарин шаҳрро дар Аврупо Бухарест ишғол мекунад.
Мутахассисони EIU ҳангоми тартиб додани рӯйхат арзиши 160 номгӯи маҳсулоту хизматрасониҳо, дар 133 шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ, либосворӣ, ашёи рӯзгор, касметика, иҷораи манзил, хароҷоти нақлиёт, маблағи таҳсил ва ғайраро ба инобат гирифтаанд.

Саида Хоҷаева
«Минбари халқ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: