Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бонкҳои Туркманистон интиқолҳои дохилиро анҷом намедиҳанд

Бонкҳои Туркманистон интиқолҳои дохилиро анҷом намедиҳанд

7-06-2019, 11:47
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
   Бонкҳои Туркманистон интиқолҳои дохилиро анҷом намедиҳанд Шурӯъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ бонкҳои Туркманистон хизматрасонии интиқоли маблағро дар дохили кишвар қатъ кардаанд. Дар ин бора хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод. "Бонки тиҷории Туркманистон "Halkbank" хизматрасонии "Гират"-ро қатъ кард. Ин ягона хизматрасонии интиқоли маблағ дар дохили кишвар буд. Бонкҳои дигар ҳам аз имконияти интиқоли маблағ дар дохили кишвар маҳрум шуданд", - гуфт хабарнигор. Вай мегӯяд, баъди қатъи хизматрасонии мазкур, сокинон тариқи почта ба ҳамдигар маблағ мефиристанд. "Почта 10 дарсад музд мегирад. Барои сокинон ин гарон аст, аммо интихоби дигар надоранд", - гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ. Ба ҷуз ин, тариқи бонк маблағ дар як рӯз мерасид, ҳамакнун тариқи почта давоми чанд ҳафта мерасад. Радиои Озодӣ натавонист, назари бонки давлатии "Halkbank"-ро дар ин робита пайдо кунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: