Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Пасандозгузорони Бонки Остона пулҳои худро талаб доранд

Пасандозгузорони Бонки Остона пулҳои худро талаб доранд

7-09-2018, 08:24
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
Пасандозгузорони Бонки Остона пулҳои худро талаб доранд

Даҳҳо муштарии Бонки Остона 6 сентябр дар яке аз намояндагиҳои бонк дар хиёбони Саурани пойтахти Қазоқистон ҷамъ омада, ибрози норозигӣ карданд, ки чанд рӯз мешавад, аз ҳисобҳои худ пул гирифта наметавонанд.

Пасандозгузор Сауле Мукашева меӯяд, хонаашро фурӯхта, пулро дар бонк гузошта буд, вале ҳоло наметавонад он маблағро бозпас гирад. Ба гуфтаи ӯ, бонк додани пулро то 31 август қатъ кард буд ва то ҳол дастрасӣ ба ҳисобаш боз нашудааст.

Бештари муштариёни Бонки Остона нигаронанд, ки пасандозҳои онҳо дар натиҷаи поин рафтани қурби танга арзиши худро аз даст хоҳад дод.

Як масъули Бонки Остона, ки худро Сунгат Бойболатов муаррифӣ кард, гуфт, мудири бонки Жасулан Тоғузбоев нест ва ӯ наметавонад чизе бигӯяд. Муштариёни Бонки Остона мегӯянд, тайи чанд моҳи ахир бори дувум аст, ки бо ин мушкил рӯбарӯ мешаванд.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 18 апрели соли равон Бонки Остонаро аз зумраи се бонке номид, ки ба гуфтаи ӯ, "нишондодҳои бад" доранд. Назарбоев гуфт, Эксимбонк, Бонки Остона ва Qazaq Banki хуб мудирият нашудаанд ва бинобар ин, ҳоло наметавонанд амонатҳои сокинонро баргардонанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: