
Мақомоти шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон назорати фаъолияти фурӯшгоҳҳои ғизоро пурзӯр карданд. Ҳамзамон соҳибони фурӯшгоҳҳои хусусии шаҳр низ мегӯянд, вақтҳои ахир тамаъҷӯии кормандони пулис афзоиш ёфтааст.
"Шаби 17 август дар маҳаллаи "Сулҳ" боз садои мошинҳои пулис шунида шуд. Пулис аз назди биноҳо мошинҳоро меронд. Дертар маълум шуд, ки ҳокими шаҳр Шомуҳаммад Дурдилиев аз маҳалла боздид кардааст. Дар пайи боздиди ӯ дастур шуд, ки аз назди фурӯшгоҳҳои хусусию давлатӣ қуттиҳои меваву сабзавот бардошта шаванд", - гуфт хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ 22 август.
Талошҳои радио барои дарёфти назари мақомоти Ишқобод дар робита ба талаботи ахир натиҷа надоданд.
Соҳибони марказҳои тиҷории хусусӣ низ мегӯянд, вақтҳои ахир тамаъҷӯии кормандони пулис ва оташнишонӣ аз онҳо зиёд шудааст. Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ ахиран шоҳиди тамаъҷӯии кормандони пулис дар яке аз фурӯшгоҳҳо шуда буд.
"Дар пеши чашмонам кормандони пулис ба фурӯшгоҳи хусусие ворид шуда, ба соҳиби он бо баҳонаи ин ки дар назди дари фурӯшгоҳ меваву сабзавоташро гузоштааст, фишор оварданд. Сипас гуфтанд, агар пул надиҳӣ, меваву сабзавотро бо худ мебарем", - гуфт хабарнигори радио.
Хабарҳо дар бораи фишор ба соҳибони фурӯшгоҳҳои хусусии Ишқобод дар пасманзари камёфт шудани маводи хӯрока ва ба миён омадани навбатпоиҳо дар назди фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳр шунида мешавад. Пештар хабар дода шуд, ки дар пойтахти Туркманистон фурӯши нон, орд, шакар ва равғани пахта маҳдуд шуда, дар баъзе маврид аз муштариён ҳангоми харидории нон шиноснома талаб мешавад.