Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Ашқобод бахшида ба Рӯзи дучарха рекорди нав гузошта шуд

Дар Ашқобод бахшида ба Рӯзи дучарха рекорди нав гузошта шуд

4-06-2019, 10:52
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
  Дар Ашқобод бахшида ба Рӯзи дучарха рекорди нав гузошта шуд
Дар Туркманистон Рӯзи дучархаро бо дучархасавории оммавӣ ва рекорди нави миллӣ таҷлил карданд. Расонаҳои Туркманистон хабар медиҳанд, ки ин бор дучархасаворони туркман бо тӯлонитарин намоиши дучархасаворӣ вориди Китоби рекордҳои Гиннес шуданд. Дучархасаворони иборат аз 2019 одам дар як хат саф кашида, дар масофаи муайяне аз ҳамдигар 3300 метрро тай карданд. Ин рекорд 1 июн, дар остонаи Рӯзи дучарха гузошта шуд, ки ҳамасола 3 июн Рӯзи умумиҷаҳонии дучарха таҷлил мешавад.
Туркманистон ташаббускори эълом кардани Рӯзи дучарха аст. Ин рӯзро соли 2018 эълом карданд. Дар робита ба ин Иттиҳоди байналхалқии дучархасаворон роҳбари Туркманистонро бо сертификат қадрдонӣ кард. Дар Туркманистон варзиши дучархасаворӣ дар сатҳи давлатӣ таблиғ мешавад. Кормандони давлатӣ, донишҷӯён, хонандагони мактаб ба маъракаҳои дучархасаворӣ ҷалб мешаванд.
Ин дувумин рекорди Туркманистон дар бахши варзиши сартосарии дучархасаворӣ аст. Соли 2018 иштирокчиёни варзиши дучархасаворӣ, бо ҳузури президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои "Густардатарин дарси варзиши дучархасаворӣ" вориди Китоби рекордҳои Гиннес шуда буданд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: