Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тоҷикистон барои 5500-солагии Саразм беш аз $6 млн ҷудо кард

Тоҷикистон барои 5500-солагии Саразм беш аз $6 млн ҷудо кард

17-05-2019, 11:02
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
 Тоҷикистон барои 5500-солагии Саразм беш аз $6 млн ҷудо кард Дар Тоҷикистон 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм таҷлил карда мешавад. Дар ин бора рӯзи 2-юми майи имсол қарори ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст.
Дар ин қарор гуфта мешавад, 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм "чун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон 12-уми сентябри соли 2020 дар Панҷакент ҷашн гирифта шавад".
Ҳукумати Тоҷикистон барои таҷлили ин ҷашн аз ҳисоби будҷаи кишвар ва вилояти Суғд дар маҷмӯъ беш аз 66 миллион сомонӣ пул ҷудо кардааст. Аз ҳисоби маблағҳо гунбази мақбараи Абдуабдуллоҳ Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик таъмир шуда, ҳамчунон дар Панҷакент як китобхона ва беморхона бо ғунҷоиши 720 ҷой, сохта мешавад.
Ҳамчунон дар доираи ин ҷашн таҳия ва нашри китоби суратҳо дар назар аст. Тибқи нақша, идораи "Тоҷикфилм" дар бораи шаҳри қадимаи Саразм таърих ва фарҳанги он филми мустанад бояд ба навор бигиранд.
Дар Тоҷикистон то ба ҳол 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва 3000-солагии шаҳри Ҳисорро ҷашн гирифтаанд.
Таърихдонҳо пайдоиши шаҳри бостонии Саразмро, ки харобаҳои он дар 15-километрии шаҳри кунунии Панҷакент қарор дорад, ба асрҳои IV-II-и то милод мансуб медонанд. Тоҷикистон соли 2008 барои ба руйхати мероси тамаддуни башарӣ воридкардани Саразм дархост дод ва соли 2010 ЮНЕСКО онро эътироф кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: