Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор мешавад16-08-2017, 14:33
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
СУҒД. Аз 21 то 26-уми августи соли 2017 дар вилояти Суғд ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор мешавад. Дар доираи ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузории як қатор чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Исфара дар назар аст. Фарҳангиёни ВМКБ бо баргузор намудани маҳфилҳои фарҳангӣ ва пешниҳоди намоишномаҳо дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол”, Маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал, оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мавзеи таърихии ёдгориҳои Саразм, Қасри Арбоб, Маҷмааи Ҳазрати Шоҳ ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Мирраҷаб Додхоҳ, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарагӣ ва ғайраҳо боздид хоҳанд кард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.