Ҳизбиёни Хуҷанд дар меҳмонии Панҷакент26-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, расонидани ёрии амалӣ ба ташкилоҳои ибтидоии ҳизбӣ, санаҳои 23-24 июл кормандони дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва 20 нафар фаъолони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хучанд Маликисломов Н. М. ба шаҳри бостонии Панҷакент ташриф оварданд.
Гурӯҳи ҳизбиёни шаҳри Хучанд ҳангоми сафар аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз наздик шиносоӣ намуда, байни ҳамдигар мубодилаи афкор намуданд. Ҳангоми сафар меҳмонон аз мавзеҳои зебо ва таърихии шаҳри бостонии Панҷакент, аз ҷумла, Саразми қадим, осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Рӯдакӣ, зодгоҳи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ деҳаи Мазор ва мақбараи таърихии Хоҷамуҳаммади Башоро дидан намуданд. Аз ҳама хотирмон дар ин сафар боздиди роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Панҷакент аз 4 қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент, мулоқот бо аскарону афсарон, суҳбат оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият, даъвати онҳо ба ҳушёриву зиракӣ, паҳн намудани ин дарси ҷавонмардӣ дар байни дигар ҷавонон буд. Дар охир раисони кумитаи иҷроия афсарону аскаронро бо ҷашни бузурги 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Дар доираи сафар меҳмонон бошандагони хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакентро аёдат намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.