Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Зардолу чӣ фойда дорад?

Зардолу чӣ фойда дорад?

16-05-2019, 10:30
Хабарро хонданд: 982 нафар
Назарҳо: 0
                                  Зардолу чӣ фойда дорад? Зардолу маҳсулоти хуби ғизоӣ ва парҳезӣ аст. Онро тару тоза ва хушконида истеъмол менамоянд ,мураббо, компот ва шарбат тайёр мекунанд. Мағзи ширини зардолу дар саноати қаннодӣ, равғанаш дар истеҳсоли локу ранг истифода мешавад. Дар таркиби зардолу қанд (глюкоза, фруктоза, сахароза), сафеда, кислотаҳои органикӣ, клетчатка мавҷуданд. Ғӯлинги он ба миқдори зиёд витаминҳои В1, В2, В6, В15, С, Р, каротин (провитамини А), микроэлементҳо дорад. Дар тибби қадим ғӯлинг барои рафъи бӯйи нохуши даҳон истифода мешуд. Табиати ғӯлинг сард ва тар аст, бинобар ин онро ба сифати давои исҳоловар тавсия медоданд. Ғӯраи зардолу хосияти бодронӣ дошта, барои одамони солхӯрда муфид аст. Дар тибби халқӣ барг, мева, мағз ва шилми зардолуро истифода мебаранд. Меваи тару тозаи зардолу ва ғӯлинг барои одамони гирифтори иллати гурда, бахусус ашхоси заифу камхун нафъ дорад. Ҳангоми қабзияти музмин табибони халқӣ зардолуоб ё ғӯлингоб мефармоянд. Мағзи донаки зардолу чун воситаи киҷҷарон истифода мешавад. Бо барги тару тозаи зардолу дандонҳоро тоза мекунанд. Шилми зардолу ба илтиҳоб ва захми меъда, ҷароҳат, ҷойҳои кафидаи пӯст, сӯхтагӣ шифо мебахшад. Чиниён мағзи донаки зардолуро барои табобати бронхит, сулфакабутак, ларингит, ҳиккак ва чун воситаи балғамовар (бештар 20 – 30 г эмулсияи обакии онро) кор мефармоянд. Табибони халқии покистонӣ меваи Зардолуро барои табобати камхунӣ, мағзи донакашро ҳангоми муолиҷаи бемориҳои кӯҳнаи дил истифода мекунанд. Ба ақидаи табибони қадим беҳтарин зардолу пӯсташ нафис, шодоб, ширин ва мулоими он аст, ки мағзи донакаш низ ширин бошад. Зардолуро дар об ҷӯшонида ё хушкашро як шаборӯз дар об тар намуда, он обро бинӯшанд, дарунро мулоим мекунад, фишор ва ҷӯшиши баланди хун ва сафроро паст мегардонад, оруғро дафъ месозад. Зардолу дар меъда зуд бадбӯ ва вайрон мешавад, оруғи турш пайдо менамояд; ба одамони хунукмизоҷ, касоне, ки баданашон бод дошта бошад, гирифторони иллати сакта, меъдаашонзаиф ва пирон зарар дорад.Аз болои зардолу оби хунук ё онро аз болои ғизои душворҳазм хӯрдан бағоят зарарнок аст. Зардолуро ба дили наҳор хӯрдан низ бад аст. Агар онро бардавом бихӯранд, даруни рӯдаҳоро мехарошад. Равғани мағзи талхи зардолуро ба қадри 4,5 г биёшоманд, кирми меъдаро кушта, ба воситаиисҳол дафъ мекунад, варамҳои мақъадро таҳлил медиҳад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад; онро бимоланд, бавосири зоҳирӣ ва ботиниро шифо мебахшад. Миқдори як бор ошомидан аз равғани мағзи талхи зардолу дар як рӯз то 14 г аст. Агар барги зардолуро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, кирми меъдаро мерезонад, пешобро равон мекунад. Барги хушки онро кӯфта, бо оби хунук биёшоманд, исҳолро мебандад. Оби барги зардолуи талхро бичаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад. Дар тибби муосир З. ба сифати маҳсулоти парҳезӣ ва сервитамин тавсия дода мешавад. Дар таркиби он миқдори калий зиёд аст, бинобар ин барои одамони гирифтори бемориҳои дилу раг нафъ дорад.
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: