Дар Исфара муҷассамаи зардолу бунёд гардид13-10-2016, 10:34
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
/АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Исфара, дар пешорӯйи маркази савдои «Пайванд» муҷассамаи зардолу бунёд гардид. Зардолуи мазкур ба хотири он ки манбаи асосии даромади сокинон, омили муҳими фаровонии дастархони мардум ва муаррифгари заҳмати мардуми Исфара дар миқёси ҷумҳуриву минтақа ва ҳатто ҷаҳон маҳсуб мешавад, гузошта шуд. Баландии муҷассама дар Исфара 5 метру 70 сантиметр буда, паҳноияш баробари 4 метр аст. Муаллиф ва бунёдгари ин нигораи нодир ҳунарманди маҳаллӣ Саидxон Муҳаммадиев мебошад, ки ба чунин кор қаблан дар Русияву Аморати Муттаҳидаи Араб машғул шудааст. Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, майдони умумии боғ дар Исфара ба 12 ҳазору 258 гектар баробар аст, ки аз он 10 ҳазору 600 гектарашро боғоти зардолу ташкил медиҳанд ва ин ҷо зиёда аз 21 навъи зардолу парвариш карда мешаванд. Зардолуҳои шаҳдрези Исфара аз рўи қанднокӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ босифаттарин ба ҳисоб мераванд. Бояд зикр намуд, ки дар 9 моҳи соли 2016 аз Исфара ба хориҷи кишвар 13 ҳазору 267 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки аз он беш аз 12 ҳазор тоннаашро меваи хушк ташкил медиҳад. Содирот асосан ба Русия (70%), Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ (20%), Аврупо ва Амрико(10%) сурат гирифтааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.