Суду зиёни хурмо28-11-2017, 10:17
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Дар бораи ин меваи дар Тоҷикистон ҳар қадар ки бинависем боз ҳам кам аст. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз меваҳои барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа дастрас буда, сокинони кишвар ба мазаю лаззати ин меваи хушхӯр кайҳо одат кардаанд. Табибон истеъмоли хурморо барои лоғаршавӣ муносиб медонанд ва бешубҳа, ба онҳое, ки вазни зиёдатӣ доранду дар фикри кам кардани вазни худ ҳастанд, тавсия медиҳанд. Бо вуҷуди ширин будан он дар таркиби худ калорияи кам дорад. Дар солҳои ахир одати хушк кардану баъдан истеъмол намудани хурмо ҳам дар миёни сокинони кишвар ба мушоҳида мерасад. Хурмои хушкидаро ҳамчун валокардин барои табобати бемориҳои фишори баланди хун (гипертония) истифода бурдан мумкин аст. Аз меваи хушки хурмо ҳар рӯз 2-3 пора хӯрдан муносиб ва фоиданок дониста мешавад. Хурмо барои ҳалли мушкили дастгоҳи гувориш (желудочно-кишечного тракт) ёрӣ мерасонад. Ба вақти шикамрав (исҳол, диарея) шудан 6 меваи пухта ва расидаи хурморо пора намуда ба зарфе гузошта ба болояш 3 стакан оби ҷӯшомада рехтан лозим аст, пас аз он сарпӯши он зарфро пӯшонида ним соат нигоҳ доштан лозим аст. Пас аз сард шудан оби хурмодорро ҳар 2-4 соат як стакан нӯшидан лозим аст. Агар пас аз чойи саҳар як дона хурмо хӯред, ҳолати кории шумо хеле беҳтар хоҳад шуд. Аммо дар назар бояд дошт, ки ин амал барои баъзеҳо боиси паст гардидани фишори хун мегардад. Муҳаққиқон истеъмоли хурморо аз воситаҳои пешгирии бисёре аз бемориҳои онкологӣ, дарди шуш ва пешгирии санги гурда медонанд. Он хосияти пешобронӣ дошта, ҳамзамон барои рафъи ихтилоли асаб ва табъи бад ҳам тавсия мешавад. Хурмо биниш ва нури чашмро бақувват карда, аз пирии бармаҳали организм пешгирӣ менамояд. Таҳқиқотчиёни хосиятҳои меваҳо ба ин хулоса расидаанд, ки сокинони кишварҳое, ки ин меваро парвариш мекунанд ва имкони бештари истеъмоли онро доранд, нисбат ба сокинони минтақаҳое, ки хурмо надоранд, дарозумр мебошанд. Куфтаи помаш (шохак) - и мевадори хурмо ҷиҳати рафъи беихтиёр сар додани пешоб барои калонсолон истифода мешавад. Таваҷҷуҳ кунед, ки духтурон барои беморони диабети қанд истеъмоли ками хурморо тавсия медиҳанд. Таркиби хурмо Меваи хурмо бинобар манбаи глюкоза ва сахароза будан арзиши баланди ғизоӣ дорад. Дар таркиби он витаминҳои С, бета витамини А, кислотаҳои себӣ ва лимӯӣ, оҳан, калтсий, мис, манган ва калий мавҷуд аст. 100 грамм дилаи хурмои расида фақат 66 ккал ғизонокӣ дорад. Ба андешаи пажӯҳишгарон, хурмо барои пешгирии бисёре аз бемориҳои вобаста ба асаб, гурда ва дил нисбат ба себ бештар фоиданобудааст. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.