Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ЧОЙКАҲАК

26-10-2016, 14:45
Хабарро хонданд: 537 нафар
Назарҳо: 0
 ЧОЙКАҲАК

Яке аз рустаниҳои табобатие, ки қариб дар ҳамаи мавзеъҳо мерӯяд, чойкаҳак (зверобой) аст.
Чойкаҳак - гиёҳи яксола, баъзе намудаш бисёрсола мешавад, то 60 см қад мекашад. Чойкаҳак бештар дар боғҳо, заминҳои нокорам, партов ва назди маҳалҳои аҳолинишин месабзад.
Асоси таркиби кимиёвии чойкаҳакро равғани эфирӣ, флаваноидҳо, гиперитсин, кислотаи аскорбин, каротин ташкил медиҳад, ки ин барои зебо нигоҳ доштани бадани инсон муфид аст.
Чойкаҳакро аз бӯйи форам ва гулҳои зарди равшанаш зуд мешиносад. Онро дар тобистон ва хусусан дар моҳи июл, ки хуб гул кардаву ҳосилаш расидааст, ба шакли хӯшагули ҷорӯбмонанд ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ҳолатҳои дигар онро аз гиёҳфурӯшҳо ва дорухонаҳо пайдо кардан мумкин аст.
Алафи чойкаҳак аз замони қадим то ба имрӯз барои муолиҷаи қариб 100 намуди бемориҳо истифода бурда мешавад. Дар тибби мардумӣ реша, барг ва гули онро барои табобати бемориҳои ниқрис(подагра), тарбод (ревматизм), сили шуш, захми фасоднок, гурда ва системаи марказии асаб истифода менамоянд. Қиёми сахти чойкаҳак барои табобати дандонҳо, аз ҷумла барои устувор намудани милки дандон ва зидди илтиҳоб (воспаление) тавсия медиҳанд. Решаашро ҷиҳати табобати бемории исҳоли хунин ва сили устухон истифода мебаранд.
Фоидаи чойкаҳак барои даст кашидан аз носу сигор
8 қошуқи алафи хушки майдакардаи чойкаҳакро дар 0,5 литр об андохта, муддати 8 -10 рӯз барои дам хӯрдан маҳкам намуда, дар ҷойи аз рӯшноӣ дур нигоҳ доштан лозим аст. Барои даст кашидан аз сигоркашӣ 40 ё 50 қатраи дамобаро дар об ҳал карда, рӯзе 3 бор пас аз хӯрок истеъмол намудан фоидаовар аст.
Чойкаҳакро ба ҷойи чой дам карда, баъди 15 -20 дақиқа нигоҳ доштан истифода баранд, организмро аз ҳар гуна заҳр тоза менамояд. Истеъмоли он дар фаслҳои тирамоҳ, зимистон ва давраи гузариш ба баҳор хеле манфиатбахш аст. Вай метавонад организмро аз ҳар гуна бемориҳое, ки дар баҳор сар мезананд, ҳифз намояд. Инчунин чойкаҳак таъми хуш дошта, мизоҷаш муътадил аст ва намегузорад, ки ҳар гуна беморӣ ба бадан сироят кунад.Чойи он барои ҳама намуди илтиҳоб, ҳамчун оромкунанда, барои рафъи сустҳолӣ, табобати бемориҳои дил ва ҷиҳати баланд бардоштани нерӯи мушакҳои бадан истифода мешавад. Азбаски алафи чойкаҳак барои суст кардани таъсири заҳрҳо ҳам ба кор меравад, ба муддати зиёд истеъмол кардани он тавсия намешавад. Дар сурати истеъмоли зиёд (зиёда аз 3 ҳафта) ҳиссиёти нохушро ба миён меоварад, ки ин эҳсос дар сурати бас кардани нӯшидани чойи он ҳам чанд ҳафтаи дигар идома меёбад.
С. Юсуф



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: