Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Душанбе сад ранги чакан намоиш дода шуд

Дар Душанбе сад ранги чакан намоиш дода шуд

4-05-2019, 16:00
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии «Аҳорун»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Қабл аз оғози фестивал иштирокдорон аз намоишгоҳ, ки дар он ҳунармандон ва косибони чор ноҳияи пойтахт намунаҳоро аз маҳсули ҳунари чакандӯзӣ пешниҳод намуда буданд, дидан намуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмун, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки фаъолон ва ҳунармандону тарроҳони пойтахт доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории фестивал баланд бардоштани мақому манзалати либосҳои миллӣ, замонавӣ намудани анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз ҷумла, чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, тоқидӯзиву ҷузвадон ва дар ин замина эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик мебошад.

Намоишгоҳ ба ҳунари чакан бахшида шуда, дар он намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, бо шумули либосу лавозимоти хонадорӣ, ба мисли курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, чойхалта, камарбанд, хурҷин ва ғайра, ки бо нақшу нигори гуногун, аз қабили косагул, аштак, гули анор, барг, баргак, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак, гули зағерак ва намунаҳои дигари санъати чакандӯзӣ оро дода шуда буданд, ба маъраз гузошта шуд.

Гулдӯзон бо маҳсули дасти худ имрӯзро бо гузашта пайванд намуда, дар гулҳои офаридаашон ба ояндагон нияти неки гузаштагонро ба мерос мегузоранд.

Дар оғози фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ Паёми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони ҷашнвора расонида, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки чакан аз зумраи онҳо ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад.

Гулдухтарони тоҷик чаканро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар намуда, якҷоя бо нону намак манзури мардум мегардонанд.

Сипас барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои чакандӯзӣ, аҳамияти таърихиву фарҳангии он ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд.

Мавриди зикр аст, ки Фестивали «Сад ранги чакан» аз рӯи шаш бахш, аз ҷумла, либосҳои қадимаи чакан, либосҳои кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ гузаронида шуд.

Дар баробари ин зимни барномаи фарҳангӣ намунаҳои гуногуни либосу лавозимот, аз ҷумла либосҳои мардонаву занона ва кӯдакона, ки бо завқи баланди эҷодкорӣ ва санъати волои амалӣ –ороишии чакандӯзӣ омода гардида буданд, намоиш дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи худ, ки дар шаҳри Порт-Луиси Маврикий баргузор гардид, Чакан — и тоҷиконро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

Зимни муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «он як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст».

Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, дар пойтахт баргузор шудани Фестивали “Сад ранги чакан” ба эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, фарҳанги бою ғании миллати тоҷикон, муаррифии косибони чирадаст ва ҳунармандони соҳибистеъдод мусоидат менамояд.

Дар ҷамъбасти намоиш ғолибон ва иштирокчиён дар бахшҳои либосҳои қадимаи чакан, кӯдакона, рӯзмарра, маросимиву идона, расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: