Ҷилваи чакан27-10-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Соҳибзавқ» (шуъбаи фарҳанг) озмуни ҷумҳуриявию телевизионии «Ҷилваи чакан» доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур зиёна аз 200 нафар духтарон ширкат варзиданд.
Аъзои Кумитаи иҷроия, муовини раиси шаҳр Хоҷаева Фарзона баромад намуда, зикр мекунанд, ки «бо ташаббуси бевоситаи Раиси муаззами ҳизб, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон аз нав сарҷамъ шуда, фарҳанги асили худро эҳё намуда истодаанд». Дар фарҷом, ба беҳтарин чаканҳою чаканпушон ифтихорнома ва сипоснома тақдим карда шуд. ©Шӯъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.