Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЮНЕСКО чаканро пазирӯфт

ЮНЕСКО чаканро пазирӯфт

13-12-2018, 08:33
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
ЮНЕСКО  чаканро пазирӯфт
Дар ҷаласаи 13- уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий гузашт, номинатсияи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт карда шуд. Чакандӯзӣ, яке аз намунаҳои ҳунари гулдӯзии тоҷикон буда, аз даврони куҳан то имрӯз боқӣ мондаву асрори дониш ва завқи зебоипарастии занони ҳунармандро инъикос мекунад. Дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар санъати чакандӯзӣ маъмул аст. Ин ҳунар таҷассумкунандаи тахаюлоти занону духтарони тоҷик буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ ба зиндагии онҳо робитаи ногусастанӣ дорад. Чакандӯзӣ дар байни тоҷикон ҳамчун як бахши дӯзандагӣ таърихи тӯлонӣ дошта, ба рушду нумӯи санъати гулдӯзӣ таъсири зиёд расонидааст ва аз қадим куртаи чакан ҳамчун либоси миллии тоҷикон дар ҳар хонавода мавҷуд аст. Чаканҳое, ки дар кишвар дӯхта мешаванд, дар тамоми ҷашну маъракаҳои анъанавӣ, сиёсӣ, фарҳангии ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ истифода мегарданд. Орзуву ормон ва тахаюлоти бою рангини занони ҳунарманд рӯи пироҳан бо андешаҳои мухталиф насб мегарданд, ки дар он шодӣ, бахту саодатро метавон эҳсос кард. Чакан таърихи дуру дарозро аз сар гузаронда, бо густариши давраҳои гуногун нақшу аломатҳояш тағйир наёфтаанд. Баъди соҳибистиқлолии кишвар санъати чакандӯзӣ ҳам бо роҳи гулдӯзии дастӣ ва ҳам попурӣ пайваста инкишоф ёфта, дар намоишу чорабинҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ баҳои баланд мегирад.
Бояд гуфт, ки дар омӯзиш ва пешбарии наминатсияи чакан саҳми кормандон ва пажӯҳишгарони Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот назррас буда, муаллифи он ҷонишини директори ниҳоди мазкур номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов мебошад.
Гулҳаёи Мадимарова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: