Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Намоиши хуб ҳатман тамошобин пайдо мекунад

Намоиши хуб ҳатман тамошобин пайдо мекунад

23-04-2019, 15:53
Хабарро хонданд: 493 нафар
Назарҳо: 0
Намоиши хуб ҳатман тамошобин пайдо мекунад
-Апаи Ҷамила (ҳамкорам) каме тезтар роҳ гардед, соат 10 шуд, ба намоиш дер мекунем!
-Ҳасанҷон парво накун дар театрҳои мо одатан намоишномаҳо ҳеҷ гоҳ сари вақт сар намешаванд…
Дар ҳақиқат гуфтаи апаи Ҷамила дуруст баромад. Ҳарчанд мо соати 10:10 дар назди театри таҷрибавии тамошобини ҷавон, ба номи М. Қосимови шаҳри Душанбе расидем, намоиш оғоз нашуда буд. Тамошобинон хеле зиёд буданд ва бо як азоб ду ҷой ёфтему рафта нишастем. Баъди нишастан апаи Ҷамила бо чашми ҳайрат нигариста гуфт:
-Ҳасанҷон, ҳеҷ боварам намеояд, ки толори театр пур аз тамошобин мешавад. Ман чанд сол боз чунин ҳолатро надида будам. Ё 1-2 соли охир шояд кам ба театр меравам, ки дар назарам чунин менамояд…
Бале, театр пур аз тамошобин буд ва иддае аз тамошобинон рост истода, мунтазири оғози намоишнома буданд.
Инак, нахустнамоиши «Қорӣ-ишкамба», ки аз рӯйи асари «Марги судхӯр»-и устод Садриддин Айнӣ, онро коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар дар трактовкаи ҷадид ба саҳна гузоштааст, дар доираи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту - 2019», ки ба ифтихори 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд рӯз ҷараён дорад, оғоз гардид.
Дар намоиш бештар мухлисонро нақши Қорӣ-ишкамба, ки онро ҳунарманди ҷавон Хушнуди Дадо иҷро мекард, ба ваҷд овард. Хушнуд нақшашро чунон моҳирона иҷро мекард, ки ҳамагон аз ҳунару маҳораташ ба ваҷҳ омада, ҳар лаҳза бо қарсак ӯро дастгирӣ мекарданду бо садоҳои баланд аҳсан мегуфтанд.
Ҳамзамон Фарҳод Ғаффорпур ва Фаррух Ваитов низ бо маҳорати хеле баланд нақшҳояшонро бозӣ мекарданд.
Вақте ки намоиш ба охир расид, мардум аз ҷой хеста бо чапакзаниҳои давомдор қаноатмандиашонро аз ҳунари воло изҳор доштанд. Ҳатто ҳангоми баромадан тамошобинон, ки гурӯҳ-гурӯҳ ҷудо шуда буданд, байни худ «мешудааст-ку», «беҳтарин намоиш», «офарин ба ҷавонони соҳибистеъдод», «саҳнаи ҳаҷвии бисёр хуб» ва амсоли ин суханҳо гуфта, ҳаяҷонашонро пинҳон карда наметавонистанд.
Одили Нозир, журналисти ҷавон, ки дар намоишро тамошо карда буд, гуфт, ки дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» яке аз беҳтарин спектаклҳо «Қорӣ-ишкамба»-и театри Конибодом буд, ки сазовори ҷойи аввал шуд. Дар ин спектакл рӯҳи зинда эҳсос мешуд. Муҳиддини Музаффар тавонист баъди 100-сол қаҳрамони абадзиндаи устод Айнӣ Қорӣ-ишкамбаро бори дигар манфур нишон диҳад ва амалҳои баде чун пораҳои худпарастӣ ва фиребу тақаллубро маҳкум кунад.
Намоиши хуб ҳатман тамошобин пайдо мекунад
ӯ ҳамзамон илова кард, ки: «имрӯз театри Конибодом ҳоли табоҳ дорад ва ба кумак эҳтиёҷманд аст. Бинои валангор, дару тирезаҳои шикаста ва буҷети кам ва дар театр ҳамагӣ 25 нафар кор мекунад, ки 10 нафарашон ҳунарманд ҳастанду халос, ки ин нигаронкунанда аст. Ин театр номи Туҳфа Фозиловаро дорад ва ин даргоҳ ҳунарманди бузургро ба театри тоҷик додааст. София Тӯйбоева, Комил Ёрматов ва Лутфия Зоҳидова дастпарварони ин театранд. Бинобар ин бояд ба театрҳои музофотӣ, хусусан театри Конибодом таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Ба ҳамаи ин камбудиҳо нигоҳ накарда, солҳои охир кормандони ин даргоҳ бештар меҳнат карда, ҷоизаҳои дохиливу минтақавӣ ва ҷаҳониро ба даст оварда истодаанд, ки ин боиси ифтихори мо тоҷикон аст».
Воқеан, дар театрҳои музофот коргардонҳову ҳунармандони ҳирфаӣ бо таҳияи намоишномаҳои хубу диданӣ дили тамошобини имрӯзаро тасхир карда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷомеаи муосир сару садоҳо дар бораи он ки мардум ба театр намераванд, зиёд ҳаст. Ҳатто худи коргардонҳову ҳунармандони номдор борҳо дар баромади худ дар телевизиону радио ва матбуот аз он изҳори норозигӣ баён месозанд, ки толорҳои театр аз тамошобин холист. Ман бовар дорам, ки агар намоишҳои хуб дар саҳна гузошта шавад, ҳатман тамошобин пайдо мешавад. Имрӯз барои ҷалби тамошобин ба театр коргардонҳову ҳунармандон метавон нақши муҳим бозанд. Мисоли равшанаш намоиши «Қорӣ-ишкамба» мебошад.
Баъд аз тамошои ин намоиш маълум гардид, ки имрӯз дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳунармандони касбии театр кору фаъолият мекунанд, аммо мутаассифона на ҳама онҳоро хуб медонанду мешиносанд. Сабабаш ин кам муаррифи кардан ё кам гузоштани намоиши онҳо дар театрҳои номдори кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе мебошад. Мо бояд чунин намоишҳои хуби театрии хусусияти тарбиявидоштаро, ки дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат ҳастанд, дар ду-се моҳ як маротиба дар пойтахт ба намоиш гузорем. Ё ин ки мисли солҳои пеш намоишҳои театрии «сайёр» боз ба роҳ монда шавад. Яъне, дар он солҳо театрҳои пойтахт намоишҳои театрии худро ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар бурда, дар колхозу савхозҳо, клубҳои фарҳангӣ, маркази ноҳияҳо, намоиш медоданд. Хуб мешавад, ки ҳунармандони театрии шаҳри Конибодом намоишҳои хуби худро ба монанди «Қорӣ-ишкамба» ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бурда намоиш бидаҳанд ё ин ки баръакс. Ё ин ки коргардонҳову ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ набояд саҳнаи хубу дидании худро танҳо ҳангоми озмун ба намоиш гузоранд, балки берун аз он ҳам ба ҳавасмандону дӯстдорони театр ҳамеша ба намоиш гузоранд. Яъне, кори кардаи худро маҳдуд ба озмунҳо накунанд.
Дигар ин ки Вазорати фарҳанг бояд гастроли театрҳои музофотиро дар пойтахт ба роҳ монад. Бо ин амал метавон якчанд фоидаро ба даст овард:
-пеш аз ҳама ин муаррифии коргардонҳову ҳунармандони касбии музофотҳо ва худи театрҳо;
-даромади молии театрҳои пойтахт аз зиёд шудани тамошобинон;
-фоидаи молӣ ба даст овардани коргардонҳову ҳунармандон ва хуб шудани сатҳи иқтисоди онҳо;
-ҷалби бештари сокинон ба театр;
Хуб мешуд, ки Вазорати фарҳанг дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон порчае аз намоишҳоро дар телевизион бештар тарғиб мекарданд, то ки мардум ҳамеша бохабар аз рӯзи ба намоиш гузоштани намоишҳо дар театр бошанду вақти худро ҷудо карда, ба он раванд.
Имрӯз бе тарғибу ташвиқ наметавонад театри тоҷик пеш равад. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем шаҳрвандонро ба театр ва дӯст доштани он талқин намоем.
Ҳаҷв дар дилхоҳ ҷамъият ифшогари камбудиҳои ҷомеа ба шумор меравад. Дар асарҳои ҳаҷвӣ, намоишномаҳо, филмҳои мазҳакавӣ норасогиҳои ҷомеа дар образҳои қаҳрамонон нишон дода мешавад.
Устод Айнӣ низ дар асари худ «Қорӣ-ишкамба» нобасомониҳои давраи худро ба хонанда пешниҳод кардааст. ӯ тавассути образи комили як хасиси бухороӣ ғояи муҳташами асарро, ки маҳкум намудани бедодиву истисмори бечорагон ва нишон додани сабаби аслии бадбахтии авомунност аст, хеле барҷаста зоҳир кардааст.
Солҳои охир намоиши саҳнаҳои театрии ҳаҷвӣ хело кам ба чашм мерасад ё умуман намоиш дода намешавад. Аммо агар саҳнаи хуби театрии ҳаҷвӣ дар ягон театри мо намоиш дода шуда, аз тарафи мардум хуб қабул мешуд, он ҳатман байни халқ тарғиб мешуду мо ҳатман хабар меёфтем.
Ду-се рӯзи охир байни ҷомеа таърифу тавсифи саҳнаи ҳаҷвии «Қорӣ-ишкамба» рафта истодааст. Барои ҳамин хуб мешуд, ки саҳнаи ҳаҷвии хусусияти тарбиявӣ доштаро коргардону ҳунармандон бештар меофариданду ба намоиш мегузоштанд. Имрӯз мардум ташнаи тамошои чунин намоишҳои ҳаҷвианд. Мардум солҳои охир аз тамошову шунидаҳои бозиҳои сиёсату сиёсатбозиҳо, терроризму экстремизм ва ҷангу хушунати дунё хаста шудаанд. Имрӯз замоне расидааст, ки тамоми ҳунармандону коргардони кинову театр бояд бо офаридани намоишу киноҳои хуб бояд хастагии мардумро бароварда кунанд…
Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки «театр озмоишгоҳи рӯҳи инсон аст. Инсон дар ин ё он ҳодиса чи гуна амал мекунад, чи гуна муносибат мекунад, дар ин ё он давра чи гуна ниёзмандиҳо дорад. Он чизе, ки ба эҳсосу андешаи инсон вобаста асту онро на ҳамеша баён карда метавонад, ба воситаи намоишномаи театрӣ ифшо месозад».

Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: