АШКҲОИ БАЪДИ «АШКИ ХУНИН»20-02-2018, 09:01
Хабарро хонданд: 342 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз намоишҳои ҷаззобу дидании театри давлатии ҷавонон ба номи м. Воҳидов песаи «Ашки хунин»-и Ш. Ҳусейнов дар таҳияи Бердӣ Мингбоев аст, ки имрӯзҳо пешниҳоди тамошобин мегардад. Ҳафтаи гузашта бо истифода аз рухсатии меҳнатӣ ба театри мазкур рафтам, то лаззати маънавӣ бардорам. Ба як корманди ин театр, занг зада пурсидам, ки театр чун пештара хунук аст ё…? -Не, театрамон конденсионер дорад, посухам доданд. Ман ба ин нигоҳ накарда либоси хеле гарм пӯшида соати намоиш он ҷо рафтам. Ба театр даромада ҳайрон шудам. Ҳарчанд толор хеле сард буд, нисфи зиёди онро пури тамошобин дарёфтам. Хеле хурсанд шудам. Ҳамагӣ ҷавонон буданд. -Театрҳоямон боз тамошобиндор мешаванд, гуфтам ман хурсандиямро пинҳон накарда, бо овози баланд. -Ҳа, инҳо донишҷӯёнанд, гуфт кадоме. Эҳсос кардам, ки онҳо тамошобинони «ташкил» карда шудаанд ва дубора каме ғамгин шудам. Ман ба тамошои намоише, ки дар забони драматургияг фоҷиааш (трагедия) мегӯянд, омада будам. Аммо намедонистам, ки аз театр ба андешае берун меоям, ки фоҷиа дар саҳна не дар толор ва дар ахлоқу мағзи мо аст. Бо пайдо шудани аввалин ҳунарманд дар саҳна толор ба гап даромад. Ҳанӯз ҳунармандон ба сухан оғоз накарда «реплика»-ҳои бемаънии «тамошобинон» сар шуданд. Дар саҳна ҳама ҳунармандони озмудаву номдор, собиқадору шинохта ва ба қавле гулҳои сари сабади саҳна- Раҷабгул Қосимова, Гулсара Абдуллоева, Асалбегим Саодатова, Назримад Мӯсоев, Моҳпайкар Ёрова, Тағоймурод Розиқов, Насриддини Нуриддин ва дигарон бо ҳавсалаву ҷиддияти том нақш меофариданд. Дар ҳамон ҳавои сарди саҳна онҳо тани курта (тавре ки нақшашон талабот дорад) барои тамошобин лаҳзаҳои воқеии зиндагӣ эҷод мекарданд, бозӣ менамуданд. Вале донишҷӯён, ки гӯё на аз чӣ будани театр дарсе гирифтаанду на чӣ будани нақшу намоишномаро мефаҳмиданд бо хандаҳои баланд, гапзаниву гаппартоиҳояшон ба онҳо халал мерасониданд. Шояд миёни онҳо ҳам нафароне буданд, ки маънии ин асарро гӯш кардаву дарк карданӣ бошанд, аммо ҳайҳот нисфи дигар гӯё дар кӯча буданд. Ман аз ҳарфҳои пучу бемаънии онҳо мисол намеорам, зеро фачтарин луқмапартоии ин «муаллимҳо»-и оянда нишони маърифату саводи онҳо буд. Яъне, мо одат кардаем бигӯем, ки онҳо насли мо нестанд, мактабҳои моро нахондаанду дарсу панд ба гӯшашон афсона аст. Асар аз фоҷиаи модаре ҳикоят мекард, ки замони пирӣ дар хонаи ҳеҷ кадоме аз фарзандон гӯё «намеғунҷид». Модаре, ки дар як шикам ин 9- нафарро зери қалбаш ҷо дода буд, ҳамагӣ (ба ғайр аз писари хурдӣ) баҳонаҳое доштанд, барои ба гардан нагирифтани нигоҳубини модар. Албатта дар ин миён фарзанди калонӣ бемор, духтараш дар раҳи дур, фарзанди дигараш бехонаву писари охиринашро занаш норизо ҳам буданд, ки ин ҳама сабабҳо дар бозии ҳунармандон баръало дида мешуд. Вале нақши барҷастаи манфии писари миёна Ислом дар иҷрои ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Назримад Мӯсоев ва келин – ҳунарманди хеле хушҳунар Моҳпайкар Ёрова ин асарро ба дараҷаи фоҷиаи ҳаётӣ боло мебаранд. Ин ду образи манфӣ, ки задаи мантиқӣ дар беинсофии фарзанди баркамол бар ивази ҷонкоҳиҳои модар буд, асарро ҷаззобу диданӣ ва фоҷиаро дилсӯхтанӣ мекарданд. Онҳое, ки ақли солим доштанд, дар толор ашк мерехтанд, онҳое, ки ҳунари асил доштанд аз саҳна ашки хунини модарро берун меоварданд, то бинанда ин дардро эҳсос кунад. Вале хандаву истеҳзои беҷои бархе аз донишҷӯёни дар оянда омӯзгор, ин ҳамаро ботил мекард. Чанд бор кормандони театр аввал бо илтимос ва баъдан таҳдид ин тамошобинони бефарҳангро хомӯш медоштанд. Вале бо телефони мобилӣ гап задану ба сухани ҳунармандон ҳамроҳ шуданро ин ҷавонон «ифтихор медонистанд». Айб шуд. Маърифати тамошобини мо ба ҳарду по мелангад. Инҳо намефаҳманд, ки як-ду соати намоишномаеро тамошо кардан ин мутолиаи як асар ва барои тамоми умр панди ҳаётӣ гирифтан аст. Афсӯс… Дилам ба ҳунармандоне сӯхт, ки қариб ҳамагӣ дар он синну солеанд, ки чунин сардӣ хатар ба саломатиашон дорад. Аммо таъзими охирини онҳо ба тамошобин гувоҳи он буд, ки розиянд дар шароити аз ин ҳам вазнинтар онҳо нақш биофаранд. Ба мардум хидмати фарҳангӣ кунанд. Ва тамошобинро тарбия кунанд. Хубу бади зиндагиро ба онҳо намоиш бидиҳанд, то хуб бимонаду бад ислоҳ шавад. Аз театри сард берун шудам. «Тамошобин» -муаллимони оянда» ҳама пароканда шуданд. То дергоҳ беруни театр дар офтоби моҳи феврал истода гарм шудам, то ба ин ҳунармандони сарсупурда, ки акнун баъди кор ба хона мерафтанд, сипос бигӯям. Сипос ба ҷойи як даста гуле, ки ҳаргиз мо- тамошобинони каммаърифат ба онҳо тақдим намекунем. Ман ин гулдастаи узрамро ба ҷойи он ҷавононе, ки чӣ будани театрро намедонанд, ба ҳамаи ҳунармандони театрҳои бе тамошобинамон эҳдо мекунам. Театр ойинаи зиндагист. Ҳатто толори театр ҳам моро тарбия мекунад, чӣ расад ба саҳнае, ки моро бешак дарси зиндагӣ медиҳад. Бо чашмони пуроб саҳни ҳавлии театрро тарк гуфтам. Дилам ба ин ҳунармандоне месӯхт, ки акнун чун солиёни пешин тамошобин надоранд. Ашкҳои ман хунинтар аз «Ашки хунин»-и намоишномаи театри ҷавонон буданд, зеро онҳо ашки хиҷолат аз бефарҳангӣ буд. Ашки надонистани қадри ҳунарманд буд. Ашки сарфаҳм нарафтан ба як асари тарбиявӣ буд. Ашки меҳнатҳои зори ин ҳунармандон дар як саҳнаи сард буд. Ашке буд пур аз хиҷолати он, ки мо ба қадри заҳмати дигарон намерасем. Ашки хиҷолат аз каммаърифатии акнун саросарии насли нави имрӯз ва фардои ҷомеа буд, ки худ онро эҳсос ҳам намекунад… Ашкҳои хунини ман ҳам узр доштанду ҳам ҳузн. Ин ашкпораҳо ҳамон гулдастаи эҳтирому эътирофи ҳунарофарони саҳнаҳои бетамошобини мо ва тамошобини каму камфарҳангамон буд, ки мерехту дар замини чанде бе борони зиндагиямон хушку нопадид мешуд. Дастагули узри маро бипазиредай ҳунармандон, ки рисолати шумо ҳамакнун тарбияи мост. Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.