«Дирафши коваёнӣ» сазовори Шоҳҷоизаи «Парасту-2017» гардид25-04-2017, 12:01
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» ҷамъбаст гардид. Спектакли «Дирафши коваёнӣ»-и Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи ин Фестивал-озмун гардид. Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Дирафши коваёнӣ» дар коргардонии ҳунарманди шинохта Нозим Меликов аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таҳия шуда, дар он нақшҳои асосиро Абдумӯъмин Шарифӣ, Бунёд Комилов, Аҳлиддин Ҳасанов, Қамариддин Мирзоев ва Зарина Бадалова бозидаанд. Ҳайати доварон мақоми аввали Фестивал-озмунро ба спектакли «Пизишки паррон»-и Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ доданд, ки онро Қурбони Собир аз рӯйи асари Молйер ба саҳна гузоштааст. Мақоми дуюми ҷашнвора ба Театри Маяковский барои спектакли «Хонума» ва ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд барои спектакли «Қалби зан» дода шуд. Ҳамчунин доварон ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро ба ду нафар- Шуҷоат Ҷалолиддинов (театри ба номи Лоҳутӣ) ва Маҳмадсаид Махсумов (театри ноҳияи Данғара) лоиқ донистанд. Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.