Ҳунар беҳтар аз зар бувад18-04-2019, 13:41
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Конибодом намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунарбеҳтар аз зар бувад» баргузор гардид. Мақсади намоиш рушди ҳунарҳои халқӣ, эҳёи таомҳои миллии қадима, баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавонон ва ривоҷу равнақи ҳунармандӣ маҳсубг ардид. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандон аз шаҳру деҳот фаъолона ширкат варзида, намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои дастиро манзури тамошобинон гардониданд. Озмун дар 4 бахш сурат гирифта, дар бахши «Беҳтарин таоми миллӣ ва нону шириниҳо» нонпаз Матлуба Собирова ғолиб дониста шуд. Дар бахши «Беҳтарин ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз матоъ ва ришта” бофандаи моҳир Ҳисомова Барно ғолибият ба даст овард. Дар бахши «Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз чӯб» кандакор Эркаев Бахтиёр ва дар бахши чорум “Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз санг ва оҳан” оҳангар Ҳомидов Абдуманон сазовори ҷойҳои аввал гардиданд. Ғолибон бо тӯҳфаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.