Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Панҷакент

Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Панҷакент

29-03-2018, 08:31
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Панҷакент
28.03.2018 16:31, шаҳри Панҷакент


Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Дар маркази хизматрасонии «Ҳумо» дастовардҳо ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин таомҳои миллӣ низ омода карда шуда буданд. Аз тарафи занони ҳунарманд дар дегҳои алоҳида намудҳои гуногуни анвои ширинӣ ва таом, аз қабили нишоло, ҳалво, хӯроки ҳадиса, оши куча, оши бурида, қурутоб, манту, омоч, атолаи кунҷӣ ва дигар намуди таомҳои қадима омода карда шуданд.

Бонувони шаҳри Панҷакент дар пухтани намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла кулча, фатиру қалама ва самбӯса шуҳрат доранд. Пухтани суманак ва сурудхонии гурӯҳи фолклорӣ аз ҳисоби занон дар доираи иҷрои суннатҳои Наврӯзи Аҷам сурат гирифт. Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дастурхони ҳафтсину ҳафтшин омода гардида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар тӯли асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушоданд.

Кулолгарӣ, заргарӣ, матоъбофӣ, читгарӣ, намадбофӣ, бурёбофӣ, алочабофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастии гачкорӣ ё сафоливу шишагӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои аҷдодии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд.

Либосҳои миллиро духтарони атласу адраспӯш муарифӣ карданд, ки ҳар нақшу нигори он бозгӯи таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷиканд. Зимни шиносоӣ аз фаъолияти адрасбофон таъкид шуд, ки давоми солҳои охир ин ҳунари ниёгон аз нав эҳё шуда, чевариву чакандӯзӣ миёни бонувон маҳбубияти хосса пайдо намуд ва имрӯз чун намунаи барҷастаи мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ба шумор мераванд.

Оро ёфтани утоқҳо бо ҳунари зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва либосҳои қадимию имрӯзаи миллӣ завқи зебоипарастии занони ҳунарманди шаҳри Панҷакентро бозгӯй менамояд. Дар осори пешниҳодкардаи ҳунармандон табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосо дар чӯб, санг, гаҷ, матоъ ва монанди инҳо бо маҳорати вижа ифода ёфта буд.

Аз таъсиси коргоҳу корхонаҳои қолинбофӣ дар ҳудуди вилояти Суғд садҳо нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин ва дар самти қонеъсозии талабот бо маҳсулоти ватанӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва муқаррар гардидани имтиёзу озод шудани фурӯши маснуоти дар хона истеҳсолшаванда ва навъҳои зиёди ҳунарҳои мардумӣ аз пардохти андоз аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа шаҳодат медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи мамлакат таъкид намуданд, ки «Бо дарназардошти аҳаммияти қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5 ҳазору 500 солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.»

Дар гӯшаи армуғонҳои миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли ҳунарро баҳри ҳарчи бештар воридсозии тахаюли эҷодӣ дар туҳфаҳо ҷалб намуданд. Армуғонҳои миллӣ бо истифода аз сангҳои қимматбаҳои дар кӯҳҳои ин водӣ мавҷудбуда бо ҳунари волои чирадастони вилояти Суғд сохта шудаанд.

Кандакорӣ, сандуқсозӣ, омодакунии табақҳои гуногун ва дигар маҳсулоте, ки аз чуб омода мешаванд, писанди ҳозирин гардид.

Дар маҷмуъ бештар аз 20 намуди асбобҳои миллии мусиқӣ, аз қабили тор, рубоб, соз, танбур, доира, дутор, сетор ва карнай дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд. Навозандагиву овозхонӣ ҳамчун мероси маънавӣ як ҷузъи муҳими фарҳанги мардумӣ мебошанд ва завқи баланду истеъдоди сокинони маҳаллии ин водӣ ба қалбҳо шодиву сурур мебахшад.

Хонаи арӯс дар ин ҷо ба таври рамзӣ, бо риояи унсурҳои миллӣ оро ёфта буд ва духтарон либосҳои арӯсиро ба таври намунавӣ муаррифӣ карданд. Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо барои 150 кӯдаки ятими кул аз шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хони идонаи наврӯзӣ ташкил карда шуд. Толори барҳавои ин макон бо истифода аз унсурҳои миллии замонавӣ зиннат дода шуда буд. Ин тадбири муҳим дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат нисбат ба оилаҳои ниёзманд сурат гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятимони кул туҳфаҳои идона тақдим карданд. Ин тадбири муҳим дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз фараҳмандии наврасонро дучанд намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: