Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ

Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ

25-01-2019, 09:00
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ
Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар тарабхонаи «Иноят»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов чорабинӣ таҳти унвони «Озмуни дастархонороӣ» баргузор гардид. Дар он беҳтарин занон ва бонувони ҳунарманд аз шаш Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона ширкат варзиданд. Дар озмун муовини Раиси ноҳия Эгамзода Зулола Анаварӣ, мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустамзода Қумрӣ иштирок намуда, ба ҳунари дастархонороии бонувони ноҳия баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии тоҷикона мебошад.

Дар ҷамъбасти озмун ҳакамон ҷои аввалро ба Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, ҷои дуввумро ба Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва ҷои сеюмро ба Ҷамоатидеҳоти Ҳаёти нав сазовор донистанд.

Ғолибон бо сипоснома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: