Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тағоймурод Орифӣ: Сияҳпушони ранголуд

Тағоймурод Орифӣ: Сияҳпушони ранголуд

26-07-2017, 11:00
Хабарро хонданд: 663 нафар
Назарҳо: 0
Сияҳпушони ранголуд,
Ба ранги худ раҳи умеди моро тира месозед,
Ду чашми рушани дунёи моро хира месозед,
Сад афсӯс бо садои дилбариву хандареши худ,
Касе овора месозед, варо бечора месозед.

Сияхпушони ранголуд,
Чу ашки шаб шумо афсунгари дунëи фониед,
Ба зоҳир ҳамчу моҳу пуртаққалуб ёри ҷониед,
Шумо ҷохилу гумроҳед, чу ақраб зери ҳар чоҳед,
Ба рохи номуроди сад дилеро пора месозед.

Сияҳпушони ранголуд.
Ба шаҳри мо набуд ин ҷурӣ рангинӣ,
Даруни синаи ошиқкушон ин қадр сангинӣ,
Шумо бар қалби покон кардаед пайдо бадкинӣ,
Кунун дар мулки танҳоӣ ҳама овора месозед.

Сияҳпушони ранголуд,
Бас аст афсона гуфтанҳо,ба роҳи дида хуфтанҳо,
Ба роҳи рафтаи мо айб ҷустанҳо,
Чу зарпече ба саҳрои дили мо боз рустанҳо,
Зи баъди ишки мармузӣ, худоро зора месозед.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: