Гӯсфанди вазнин, аммо бомазаву муфид30-12-2015, 09:00
Хабарро хонданд: 687 нафар
Назарҳо: 0
Калонсолон, ки таҷрибаи ҳаёт доранд, аксар дар гуфтаҳои хеш ҳақбаҷонибанд. Ҳанӯз замони ҷавониям аз бузургсолон дар бораи хислатҳои гуногун доштани мучалҳо мешунидаму на ба ҳамаи гуфтаҳои эшон бовар мекардам, зеро фикр мекардам, ки онҳо асоси илмӣ надоранд, дар китобҳо навишта нашудаанд. Вале соддагии кӯдаконае беш набудааст, зеро дарк намекардам, ки охир ман ҳама китобҳоро нахондаам - ку?
Аз волидон шунида будам, ки Соли гӯсфанд, ки соли равон ҳамин мучал буд, вазнин хоҳад буд, зеро гӯсфанд тибқи хислаташ «вазнин» будааст. Агар кас ба рӯйдодҳои хушу нохуши соли 2015 назар кунад, воқеан чандин вазниниҳоро ҳам дармеёбад. Вале аз сӯи дигар ин сол дастоварду хубиҳои зиёде ҳам дошт, албатта. Рӯйдодҳои муҳими соли равонро ҳар кас аз диди хеш тавзеҳ медиҳад, зеро хушбахтона, дар замони мо гуногунандешӣ ва дарку қабулҳои ҳархела мавқеъ доранд. Барои аъзои ҲХДТ, ки ҳафтавори «Минбари халқ» нашрияи марказии он аст, аз лиҳози сиёсӣ муҳимтарин рӯйдод ин унвони Пешвои миллатро соҳиб гаштани Президенти Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократӣ Эмомалӣ Раҳмон –мебошад, ки сазовор будани ӯро ба ин мақоми олии шаҳрвандӣ на танҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам дастгирӣ кардаанд. Дар сатҳи байналмилалӣ бошад аз нигоҳи коршиносон рӯйдодҳои сиёсии зиёде ба вуқӯъ пайвастаанд, ки ҷаҳони то ин дам орому осудаи Аврупо ва Ғарбро, ки гӯё ҳарос аз чизе надошт, ба такопӯ мувоҷеҳ гардониданд. Пурсару садотарин мавзӯи сатҳи байналмилалӣ, сели муҳоҷирони кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Афғонистон, Африқову Ироқ ва дигар мамолики гирифтори мушкилоти даргирии ватанашон гашта буданд, маҳсуб мешавад. Тибқи иттилои СММ теъдоди ҳамарӯза афзояндаи муҳоҷирон ба зиёда аз якуним миллион расидааст, ки ин ҳанӯз ҳам шумораи дақиқ нест. Оғози соли 2015 дар ҳаёти сиёсии кишвари мо бо баргузории интихоботи парлумонӣ ва тағйир хӯрдани мавқеъёбии аҳзоби сиёсӣ дар он низ, аз шумули рӯйдодҳои муҳим маҳсуб мегардад. Агар боз ба воқеоти сиёҳу хунини Соли гӯсфанд баргардем, дар нимаи аввали сол дастёбии Давлати ба ном исломӣ ва таҳдидҳои он на танҳо ба кишварҳои ғайримусулмонӣ, балки ба бархе аз мусулмонони алоҳида ҳам фазои орому осудаи бисёр кишварҳоро тира ва баъзе ашхоси дудиларо боз ҳам раҳгумтар сохт. Вале қисмати дуввуми сол хаёли хоми онҳоеро, ки зери парчами сиёҳ ҷавлон мекарданд, дар оташи сӯзишвориҳои захиракардаашон аз бомбаборони Россия на танҳо пухт, ҳатто бирён кард. Соли вазнини гӯсфанд, ки бо гӯшти бомазаву думбаи серравғани ин ҷонвар, аз муфид буданаш дарак медиҳад, аз пешрафтҳои зиёди кишвари мо дар миёни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо истиқбол ва баргузории ҷаласаҳои он дар Душанбе ва мизбонии Тоҷикистон низ аз хотирмонтарин ҳаводиси сиёсии кишвари мо ҳисоб меёбад. Сарварони кишварҳои ин созмонро меҳмоннавозии тоҷикона ва дастурхони сирф миллии пуранвои мизбон – Тоҷикистон воқеан тасхир намуд. Муҳоҷирони тоҷикро, ки аз мушкилоти ҳалталаби чанд соли охири Ватани мост, Соли гӯсфанд сабукиҳо ҳам оварду боз вазниниҳо ҳам дод. Як худи муҳоҷириву мусофирии ҳамватанони моро аз зумраи мушкилот ё вазнинии як сол не, чандин соли охир метавон гуфт. Зеро ҳеҷ инсони берун аз хонаву дар, дур аз ёру диёр ва ғариби дур аз Ватанро инсони хушбахт наметавон гуфт, боз дар ҳоле, ки нони даҳони пайвандон туро ба ин раҳ мебарад. Вале умед бастан ҳалли ин мушкилоти дараҷаи байналмилалӣ доштаро дигар рӯзу солҳои наздик умедвор гаштан шояд аз нигоҳи хирад, дурӯғ гуфтан бошад. Имтиҳоне, ки имсол кишвари Россия барои муҳоҷирон ҷорӣ кард, мушкили аксари онҳоро, ки аслан бе маълумоту касбе ба он ҷо мераванд, албатта афзуд. Марги мармузи тифлакону ҷавонони ҳузарби тоҷик чун пештара доғе дар дили мо боқист. Аз мавзӯъ дур нарафта метавон болоравии қурби доллари амрикоӣ, пастшавии қурби рубли русӣ ва дар ин замина ба миқдори 34% кам гаштани интиқоли пули муҳоҷиронро аз Россия ва аз таъсири бӯҳрони молиявӣ дар Тоҷикистон ёдовар щуд, ки аз вазнинии Соли гӯсфанд шаҳодат медиҳанд. Дар олами эҷод ва иттилоот ҳам соли 2015 зери мучали гӯсфанд бурду бохтҳои хотирмон боқӣ гузошт. Ба гуфтаи Бисмарк аз чанд журналист чанд вазир ҳам таъин гардиду ҳамкасбони мо ба вазифаҳои калидии давлатӣ ва ҳукуматӣ таъин шуданд. Масалан, агар тақдири кадрҳои кишварро минбаъд журналист ҳал намояд, ҳамкасби дигари мо Вазорати фарҳангро идора мекунад. Тағйироти кадрӣ дар соҳаи телевизиону радио ва бархе аз нашрияҳо ҳам гувоҳи он қадар бад набудани Соли гӯсфанд аст. Вале аз сафи мо кам гаштани як қатор қаламкашони маҳбуб, донишмандон ва номдорони журналистика ва адабиёт боз моро ба вазнинии ин мучал водор месозад. Падруди сангини мо бо Акбари Саттор, Раҳмон Остон, Аброри Зоҳир, Раҳими Ашроф, Муҳаммадҷон Мирзошоев, Темур Султон, Неъмат Оташ, Бурҳон Раҳмонов ва чанд тани дигар аз зумраи талафот дар соҳаи эҷод дар соли вазнин маҳсуб мегарданд. Ҷашнҳои пуршукӯҳи 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисори шодмон ва дар ин замина ободкориҳои воқеан дидании марбут ба ин маъракаҳо хотири моро боз ҷамъ мегардонад, ки гӯсфанд дар ҳақиқат молест, ки дарак аз боигариву рифоҳи хонадони соҳибаш аст. Вале ба хотир овардани он ҳодисоти харобиовари табиии мучали гӯсфанд, ба ёди мо , ки аз дастрафтагони ҳаводиси Бадахшон, тарси ду заминларзаи моҳи охир, ки воқеан Осиёро ларзонд боз аз вазнинии Соли гӯсфанд ҳушдор медиҳад. Қалби мо ба ёди хонаҳои харобгаштаи ҳамватанонамон, ки бар асари ин ҳодисаҳои табиӣ ва талаф додани наздикони эшон месӯзаду ҳамзамон аз муттаҳидии мардум бо давлат дар расонидани кӯмакҳо ба зарардидагон, шуълаи умеди раҳоиро аз чунин бадбахтиҳо боз рӯшантар мегардонад. Агар «Оши палав» ва «Фалак»-и ба бахши фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳодкардаи Вазорати фарҳанг қабул бигарданд, пас гӯсфанд аз вазнинӣ дида бо фарбеҳиву бомазагиаш дӯстдоштанист. Хиёнат ба Ватан нияти амалӣ кардани табаддулоти давлатӣ ва пайвастан ба терроризм аз ҷониби бархе аз афроди носипос аз зумраи хотироти талхе барои ҳамватанони мо дар Соли гӯсфанд, чун авроқи сиёҳи таърих сабту боқӣ хоҳанд монд. Пайвастани 500 нафар ҷавонони гумроҳ ба сафи террористони давлати ба ном исломӣ, хиёнаткории Гулмурод Ҳалимов, Абдуҳалим Назарзодаву ҳамроҳони ӯ, нақшаи ифротгароёнаи саркардагони ҳизби наҳзати ислом, ки бори дигар аз гумроҳиву ба қадри зиндагии орому осуда нарасидани афроди ҷоҳталаб дарак медиҳанд. Ин саҳафотро сиёҳтар гардонидаанд, ки шояд далели сиёҳии пӯсти аксар гӯсфандони ин мучал бошад. Ҳарчанд гӯсфанд аз варзиш дур аст, вале соли ин ҷонвар дар ин соҳа чандин дастовардҳои хотирмон боқӣ гузошт. Оғози сол сар аз моҳи январ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон таъсис додани ҷоизаи махсус барои варзишгарон, Сармураббии Олӣ эълон шудани Эмомалӣ Раҳмон, мулоқоти Хуршед Мирзоев – муовини аввали раиси Федератсияи футболи кишвар бо Президенти ФИФА- Йозеф Блаттер, таъсиси шабакаи телевизионии «Варзиш», ғолибияти Комроншоҳи Устопириён, Дилшод Назаров, ба ҷоиза мушарраф гаштани 21 варзишгар ва ниҳоят бо санъати волову хоса таҷлил гаштани рӯзи Парчами миллӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ аз шумули он дастовардҳои соҳа аст. Хотирмонтарин лаҳазот аз ин ҷашни сиёсӣ рӯзе буд, ки мошинҳои зиёди шахсӣ ва нақлиёти мусофирбар дар рӯзи Парчами миллӣ бо ифтихори баланди ватандорӣ дирафши миллиро болои мошинҳо задаву ба шаҳр зиннати хосаи идона бахшиданд. Ин лаҳзаи хосаи ҷашни Парчами миллӣ дар Соли гӯсфанд нишоне аз ифтихори миллӣ ва муҳаббати ватандорӣ нишоне аз эътиқоду эътимоди шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ ва аз эҳсоси волои соҳибватанӣ дарак медод. Соли гӯсфанд аз оғоз то охир муноқишаҳои сиёсии миёни Украинаву Россияро на танҳо анҷом набахшид, балки тундтар ва сарбастатар кард. Ҳарчанд гӯсфанди вазнинбор дарак аз бардоштани санксияҳои Эрон ва миш-миши қатъ кардани санксияҳои Россияро ба миён оварда бошад ҳам, норӯшаниҳо дар ин бора кам нестанд. Соли гӯсфанди фарбеҳаку бомаза обрӯи ҷаҳонии Президенти Россия В. Путинро хеле боло бурда ӯро ҳамчун сиёсатмадори сол ҷаҳониён эътироф карданд. Путин ҳам хоксорӣ накарда, бо таҳдидҳои ниҳону ошкор қудрати ҳарбии кишвари хешро ба намоиш гузоштаву аз осмону кайҳон ва баҳру киштиҳо на танҳо бомбаборони ДИИШ-ро дар маркази таваҷҷуҳи оламиён гузошт, ҳамчунин кишваре чун Туркия ва кишварҳои аъзои Созмони НАТО-ро ҳам ҳушдор дод, ки ба вай шӯхӣ кардан маслиҳат нест. Марги даҳшатноки тифлаки 5-моҳаи муҳоҷири тоҷик Умаралӣ Назаров ва тифлаки ғарқгаштаи муҳоҷир Айлон Курдӣ аз тиратарин хотироти соли 2015 буд, ки исботи на чандон дуруст будани ибораи «замони тифливу беғамӣ» мебошад. Кас ба кӯдакони дар ҳоли азоби муҳоҷирини мусулмон дар сарҳадҳои Аврупо, дар кишвари Украина, тифлакони бехонумони Сурияву Ироқ, кӯдакони афғону курд дар арафаи Соли нав, ки бояд беҳтарин рӯзҳои давраи кӯдакиашон бошад, хубиву лаззати соли гӯсфандро хатчадор мегардонад. Тармиму бозсозӣ ва кушода гаштани роҳи Айнӣ-Панҷакент, ифтитоҳи кони тиллои Зарафшон ва садҳо иншоотҳои наву замонавӣ дар Суғду Бадахшон Хатлону навоҳии атрофи пойтахт ва шаҳри Душанбе, далели муфидиву созгории мизоҷи гарми гӯсфанд барои инсон аст. Шояд чун маймун механдем ё чун гӯсфанд таҳаммул пеша мегирем, ки ҳалли ду масъалаи муҳими соли 2015-ро гӯсфанд ба маймун вогузор мекунад. Зеро ба масъалаи муҳимтарин ҳаёти мо барқ, ки самти калидии сиёсати иқтисодии давлатӣ аст натанҳо барои рӯшаниву гармӣ, балки барои сохтани корхонаҳои бузурги саноатии тавлидотӣ зӯри гӯсфанд ҳам нарасид. Ин мушкили рӯзгори мо ҳарчанд дар муқоиса ба солҳои пешин сабуктар ҳам гашта бошад, вале ҳалли хешро дар Соли Нав ҳам интизор аст. Соли 2015, ки дар масоили иҷтимоӣ чун Соли оила ҳам маъруфият пайдо карда буд, ҷамъбасти ин маъракаро ба моҳи марти соли 2016 вогузошта, масъаларо то он давра кушода боқӣ мемонад. Ҳамдунаро мебояд, ки бӯзинагӣ накарда, ба ин масоили иқтисодии таъмини барқ ва проблемаҳои иҷтимоӣ аз гӯсфанд ҳам ҷиддитар бингарад, то рӯшание дар хонаводаҳои мо пойдору устувор бигардад. Садҳо намунаву ёдҳоеро аз хубу бад, бешу кам, бурду бохти соли 2015- мучали гӯсфанд овардаву ин рӯйхатро идома додан мумкин аст, вале бо ин иктифо карда, давоми онро ба хотироти фардии шумо – хонандаи азиз вогузор мекунем, зеро ҳар инсон бо ҷамъбасти як соли ҳаёташ худ ҳақ дорад, ки бурду бохташро барои хеш муқаррар созад. Шояд дар ин сол дар хонадони шумо тӯй барпо гашта бошад тифле ба дунё омада. Шояд шумо маҳбуберо аз даст додаву азизеро ба хок биспурдаед. Шояд буҷаи хонадони шумо ғанӣ гаштаву шояд талафҳое аз молу амволи худ доштаед. Ин бояду шоядҳо дар тӯли як сол метавонад барои ҳар кас мақому мавқеъи дигартар дошта бошад. Вале муҳимтарин хушбахтии мо дар соли сипаригашта ин аст, ки дар фазои амну осуда зиста бо каму бешаш як соли зиндагии хешро дар Ватанамон ҷамъбаст месозем. Бо ҳама бурду бохт ва бо ҳама бешу камаш дар соли гӯсфанд, дар замони пушти дар будани ҳамдуна дар солҳои дигару дигар худо кунад, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамчунин амну осуда бошаду мардуми азизи он ба зиндагии шоистатаре аз ин бирасанду аз мучал ва сол бохту камбудро не, танҳо дастоварду муваффақиятҳои хешро бишморанд. Марҳабо Соли 2016 ! Эй кош, фархундаву созгор бошӣ барои миллати азизи ман. ©Хуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.