Нархҳои чархофалак18-01-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 601 нафар
Назарҳо: 0
Фоизҳои бемеъёри ошхонаҳо боиси нороҳатии мизоҷон аст
Гоҳе фикр мекунам, ки дастҳое дар ҷайбам чизе мекобанд. Дар шаҳри мо пас аз дорухонаю дискфурӯшиҳо чӣ бисёр, ошхонаю ресторан. Ба даргоҳҳое, ки нарху сатҳи баланди хидматрасонӣ доранд, кордор намешавем. Мавзӯи баҳс ҳамин қаҳвахона, ошхона ва кабобфурӯшиҳои сарироҳӣ аст, ки мову шумоҳои корафтода ҳар нимарӯз ва гоҳе пас аз поёни кор барои шикастани нафсу ором кардани меъда медароем. Азиз, яке аз дӯстонам бо нороҳатӣ нақл кард, ки бештари вақт се нафара рафта дар яке аз ошхонаҳо шӯрбо мехӯрдем. Нархи ғизо ҳам бароямон маълуму муайян буд: барои се нафар 33 сомонӣ пардохт мекардем, ки сари ҳар нафаре 11 сомонӣ меафтид. Рӯзе ба ҳамин ошхона рафтему пешхидмати нав ба мо ғизо овард. Пас аз хӯрдани ғизо ҳамон пули ҳарвақтаро болои миз гузоштем, вале пешхидмат гуфт, ки 65 сомонӣ мешавад. Мо ҳайрон ба ӯ менигаристему пешхидмат ба мо. Гумон кардем, ки ҳар чӣ хӯрда будем, ба бадан заҳр шуд. Нохоста вориди баҳс шудем, мо гуфтему ӯ гуфт. Осори шарм ва хиҷолат дар рӯяш набуд. Иддаояш ин буд, ки «Ман ба шумо хидмат расондам.» Ба бахти мо, соҳиби ошхона, ки моро ҳамчун мизоҷи доимӣ мешинохт ва ҳар бор «салому алейк» мекард, баҳси мову пешхидматро дида наздамон омад. Маъзарат хоста, асли гапро пурсид. Пас аз он ки аз қазия бохабар шуд, ба пешхидмат гуфт: - Хоҳар, ба худат ҷавоб. Ин ҷо бозор нест, ки ҳар нархе хоҳӣ, гузорӣ. Баъд аз он ки ба дигар кормандаш дастур дод, бо мо ҳисобӣ кунад бо гила гуфт: - Баъзе аз инҳо одат кардаанд, ки ба нархи таом ба дигар анвои хӯрданӣ боз иловапулӣ гузоранд. Одаташон шудааст, ки соҳибони ошхона онҳоро ба кор мегиранд, вале маош таъин намекунанд. Аз ин сабаб, ҳар коре хоҳанд, мекунанд. Вале ман вақте ба кор қабул мекунам, мегӯям, ки рӯзи кориат ин қадар ҳақ медиҳам, ҳоҳӣ биё бо мо кор бикун. Аммо бисёриҳо дигар хел амал мекунанд: пешхидмат пули хӯрокро ҷамъ карда супорад шуд, дигар он тарафашро худаш медонад. Дар ин ҳолат пешхидмат кӯшиш мекунад, ки гап нарасад, масъулияташро ҳам танҳо дар ҳамин мебинад. Ин соҳибкор хулоса кард: - Аммо чунин тарзи кор оянда надорад. Мизоҷ бояд доимӣ бошад. Бо ин ҷавонзан ҳам чунин қарордод доштем, вале пайхас кардам, аз рӯи одате, ки дар ҷои кори пештарааш доштааст, иловапулӣ мегирад. Чанд каси дигар ҳам шикоят карданд. Мо ҳам дар ҷавоб гуфтем, ки ҳар бор 33 сомонӣ медодем, вазнин набуд, ба ин нарх одат карда будем. Муҳимтар аз ин, медонистем, ки фиреб намехӯрем. Аммо ин зан якбора пули зиёд хост… Нафари дигаре нақл кард, чизе баҳона шуду рӯзе бо занҳои ҳамкор барои таомхӯрӣ ба қаҳвахонаи «Тоқӣ» (воқеъ дар боғи «Ғалаба»), рафтем. Хӯроки якуму дуюм ва баъзе хӯришҳои дигар хӯрдем. Дар охир 472 сомонӣ ҳисоб кард. Чун ҷои баҳс набуд, 500 сомонӣ дарозаш карда, ба умеди гирифтани бақия нишастам. Аммо он зан фикри бақия доданро надошт. Чун талаб кардам, гуфт, ки «чӣ, боз «здачи» мегирӣ?» Баъди ин гап «Ҳаволаат ба худо» гуфтаму аз ҷо хеста рафтам. Аммо то чанд вақт ҳар боре муомилаи он зан ба ёдам мерасид, дилам ғаш меовард. Бо ҳавола ба Худо мушкил ҳал намешавад Сабаб чист, ки пешхидматҳо ин қадар берӯю бешармона ба ҷайби мо даст меандозанд? Шояд сабаб он аст, ки ғайрирасмӣ ҳам бошад, гирифтани чанд фоиз хидматона иҷозат дода шудааст? Аммо возеҳ ба назар мерасад, ки ҳаққи хидмат фақат як баҳона барои ривоҷи фасод, решадор шудани хараҷу мараҷ дар кори бе ин ҳам беназми хидматрасонии ошхонаҳо аст. Нархи иловагӣ гузоштан ба таомҳо, боло бурдани арзиши нӯшобаю чой ва нон дигар аз воситаи ғорати мардум шудааст. Як чойник чойи лиму дар гаронтарин ресторан ҳам 5 сомонӣ асту дар ошхонаи сатҳи миёна ҳам ҳамон нарх. Дар бозор як кило лиму ба 5-6 сомонӣ поён фаромадааст, вале нархи лимучой ҳамон 5 сомонӣ боқӣ мондааст. Як нон ҳатман 3 сомонӣ ҳисоб мешавад. Як хлеби миёнавазнро, ки 1,7 сомонӣ арзиш дорад, чор пора карда, ҳар пораашро 1 сомонӣ ба шумо бор мекунанд, ки дар натиҷа корманди ошхона ҳеҷ коре накарда, аз фурӯши як дона хлеб беш аз 2 сомонӣ фоида мегирад. Аз ҳисоби нархи салат ҳам метавонанд мизоҷро осон фиреб кунанд. Барои пешгирӣ аз фиреб чӣ бояд кард? Ба низоми ошхонадорӣ бояд таҷдиди назар шавад. Агар хоҳем, ки баробари ҳар чумча хӯроке, ки тановул мекунем, фиреб ҳам нахӯрем ва дастони ифлоси бегонаро аз ҷайби худ дур нигоҳ дорем, бояд тарзи дурусту муносиби нархгузорӣ ва хидматрасониро дар амал ҷорӣ намоем. Барои ин кор ҳеҷ ихтирое лозим нест, балки аз ҳамон таҷрибаи хориҷиён, ки акнун дар бахши ресторану ошхонаҳои кишварамон амал мекунад, бояд истифода барем. Чанд сол аст, ки дар шаҳри Душанбе шабакаи ошхонаҳои туркии «Мерве» бо муваффақият фаъолият пеш мебарад. Сатҳи хидматрасонӣ дар ин ошхонаҳо аз он чӣ, ки ба мо дар ошхонаҳои ба ном миллӣ пешниҳод мекунанд, хеле баланд аст. Тарзи кори ин ошхонаҳо ҳам дигар аст: пас аз он ки шумо ҷой интихоб карда нишастед, пешхидмат меояд ва дар асоси китобчаи анвои хӯрокҳо хостаи шуморо қабул мекунад. Ором, бенозунуз ва муаддабона. Вақте ки хӯрокро хӯрдед, чеки фармудаҳоятонро ба шумо медиҳад ва худатон пулро бурда ба хазинадор , ки дар мизи назди дар мешинад, месупоред. Ҳисоб дар ин ошхонаҳо дар дасти як нафар аст ва ин нафар соҳиби ошхона буда, албатта хостори он аст, ки ба мизоҷ ҷабр накунад, то ки боиси фирору ҳазар карданаш нашавад ва ҳар нафари як бор аз хидмати онҳо баҳравар шуда, вақте шикамаш боз табли гуруснагӣ мезанад , бе дудилагӣ ба ин даргоҳ ояд. Ҳаққи кормандони ин ошхонаҳоро худи масъулони коргоҳ пардохт мекунанд. Дар ресторанҳои эронии Душанбе ҳам ин низом амал мекунад. На касе бо касе даъво мекунаду на касе аз касе меранҷад. Аммо чӣ мушкилӣ ва ё чӣ чизе монеа аст, ки ин шеваи корро мо ҳам васеъ истифода намекунем? «Сихкабоби Хуҷанд» ва услуби нави кор Ҳамаи кабобфурӯшиҳои зери ин ном фаъолиятдоштаро дар назар надорам. Аз рӯи мушоҳида танҳо дар мавриди ҳамонҳое мегӯям, ки ману ҳамкорон аз дурустии кору муомилаашон бо мардум гувоҳӣ дода метавонем. Чанде аз чунин кабобфурӯшиҳо дар чорроҳаи бемористони воқеъ дар маҳаллаи Якуми Совет Фаъолият мекунанд. Яке бе пардохти фоизи хидмат кор мекунад ва дигаре аз як миз танҳо як сомонӣ хидматона мегирад. Дар ин кабобфурӯшиҳо ҳам ҳаққи кори пешхидматро худи соҳибонашон медиҳанд. Дар ин ҷо шумо фармоиш медиҳед, пешхидмат фармудаатонро меорад. Вақте дархости ҳисоб мекунед, чеки фармудаҳоятонро ба дастатон дода мегӯяд, ки назди баромадгоҳ ба хазинадор пардохт намоед. Оддӣ, содда ва бе найранг. Мизоҷон кам нестанд, вале низом, ки ҳаст, касе маблағро напардохта гузашта намеравад. Наимҷон, яке аз соҳибкорони хуҷандӣ, ки бар иловаи фурӯшгоҳи дар ин ҷо доштааш боз дар чанд маҳали дигари шаҳр низ кабобфурӯшиҳо кушодааст, мегӯяд: - Чанде пеш ошхонаеро дар сари кӯчаи Яккачинор ба иҷора гирифтем. Ба пешхидматҳое, ки ин ҷо то мо кор мекарданд, пешниҳод намудам, ки рӯзи кориатон 40 сомонӣ ва бо мо корро давом диҳед, розӣ нашуданд. Иддаояшон ин буд, ки ин маблағ барояшон кам аст ва бо мизоҷ бояд худашон ҳаққи ҳисобӣ карданро дошта бошанд. Аммо ин шартгузорӣ ба ман маъқул нашуд, чунки созгори тарзи кори мо нест. Аз таҷриба медонам, ки хӯроки пухтаи шумо ҳар қадар бомаза ҳам бошад, дар сурати танзим набудани пардохти ҳаққи хӯрок мизоҷҳои доимиро ҷамъ карда наметавонед. Мо ба шакли нави хидматрасонӣ ба Душанбе омадаем ва сабаби пешрафти корамонро ҳам дар ҳамин шаффофияти фаъолияти худ медонем. Аз дигар навгониҳои кабобфурӯшиҳое, ки Наимҷон дар шаҳри Душанбе дорад, ин аст, ки лимучой бо тафовут аз дигар ошхонаҳо бо арзиши 2 сомонӣ ба мизоҷон пешниҳод мегардад. Назди оби дастшӯӣ, собун ва дастпок гузошта шудааст. Хидмат ба мизоҷ ва ҳақ гирифтан дар даврони Шӯравӣ танҳо дар ресторанҳо ва баъзе ошхонаҳо ҳам буд ва ин одату тарзи кори номақбул аз он даврон ба имрӯз ба мерос монда ва мутаассифона бо тобиши бештар манфӣ паҳн шудааст. Ҳоло фурсат расидааст, ки мақомоти Кумитаи андоз, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ кунанд ва барои танзими фаъолияти ошхонаҳо иқдомоти лозимро амалӣ созанд. Чунки тибқи қонунгузорӣ ҳар нуқтаи фурӯш мошини ҳисобу шароити пардохти чек ба мизоҷро бояд дошта бошад, вале тавре медонем, ошхонаҳои мо бинобар дар ихтиёри пешхидмат гузоштани ҳаққи дарёфти маблағ ин шароитро барои мизоҷони худ муҳайё накардаанд. Оё додани чойпулӣ ба пешхидмат ҳатмист? Дар баъзе аз кишварҳо чунин як амал гоҳе ҳатмӣ ва дар бархе аз кишварҳо ихтиёрӣ аст. Аммо ба ҳар сурат ин иқдоме аст, ки барои хидмати хуб анҷом мегирад ва ҳамчун нишонаи ризоияти мизоҷ аз тарзи кори хидматгузор дониста мешавад. Ҳаҷми пардохт ҳам ҳар хел пешбинӣ шудааст. Аммо маъмулан 5,7,10 дарсад аз маблағи ғизои истеъмолкардаи мизоҷ пардохт мешавад. Дар ошхонаҳои Тоҷикистон ҳам андозаи то 10 дарсадӣ бештар дар варақаи анвои хӯрокҳо навишта мешавад, вале чӣ қадар аз шумо меситонанд, ба инсофи худи пешхидматҳо вобаста аст. Дар ҷаҳон кишварҳое ҳам зиёданд, ки ин одат ҷой надорад ва дар сурати ошкор шудани мавриди талаб ва гирифтани пули довталабона пешниҳоднамуда аз мизоҷ пешхидмат аз кор ронда мешавад. Масалан, дар Хитой, ки ҳамсояи мост, чунин чизе вуҷуд надорад. Дар Японияву Корея шумо ҳаққи хидматрасониро якҷо бо арзиши хӯрок дар хазина ё дар мошин - автоматҳо месупоред. Аммо ҳоло ки мо ин одатро қабул кардаем, бояд коре кунем, ки шеваи пардохти ҳаққи хидмат барои мизоҷон вазнин набошад. Дастҳои бегона ҷайби ҳар мизоҷро накобанд. Дар ошхона коми мову шумо лаззати хӯрокро бинад, на талхии фиребро. Намегӯем, ки ҳама чиз олӣ бошад, мехоҳем, ки оддитарин шеваи хидматрасонӣ риоя ва ҷорӣ шавад. ©Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.