Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Афғонистон ва 100 соли истиқлол

Афғонистон ва 100 соли истиқлол

9-04-2019, 11:32
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
          Афғонистон ва 100 соли истиқлол100 сол пеш Афғонистон бо умеди бунёди як рӯзгори орому обод истиқлоли худро аз Британияи Кабир эълон кард.
Ин иқдом бо кӯшиши сарвари вақт Амонуллохон, пас аз имзои созишномаи сулҳ ва поёни ҷанги сеюм бо Англия 28 феврали соли 1919 амалӣ шуд. Мардум пас аз се ҳафта ин рӯйдодро якҷо бо Наврӯз бошукӯҳ ва фараҳ ҷашн гирифтанд. Афғонистон нахустин кишваре буд, ки дар оғози садаи 20 аз истилои бритониёиҳо худро раҳо карда, сафири худро ба Маскав фиристод, ба раҳбари ҳукумати Шӯроҳо В.И. Ленин, ки нав Русияро ба даст гирифта буд, пайғоми дӯстӣ дод.
Дар таърихи Афғонистон, кишваре, ки зиёда аз 20 халқу қавмиятро дар қаламраваш дошт, саҳифаи тозае боз шуд.Таърихе, ки пас аз имзои созишнома бо Британияи Кабир дар соли 1905 аз идораи сиёсати хориҷии давлат бар ивази ёриҳои молии англисҳо даст кашида буд. Аз он замон ба баъд мавзеи Афғонистон дар масъалаҳои давлатдорӣ ҳамон мавзеи Британияи Кабир дониста мешуд.
Шаҳрдор шоҳ шуд
Соли 1919 (20 феврал) амир Ҳабибуллоҳхон дар наздикии Ҷалолобод ба қатл расид. 28 феврал Амонуллохон, шаҳрдор (волӣ)-и Кобул қудратро дар пайи табаддулот ба даст гирифта, аввалин коре, ки кард эълони истиқлоли кишвар буд. Истиқлоле, ки дар пайи имзои санаде бо англисҳо дар соли 1905 аз сӯи Ҳабибуллохон аз дасти афғонҳо рафта буд. Аҳднома ба сабаби мушкилоти иқтисодӣ ва бо умеди дарёфти ёриҳои пулӣ шуда, амалан Афғонистонро ба як музофоти тобеи империяи Британия табдил дод.
Амонулло пас табаддулот дар майдони марказии шаҳр дар ҳузури издиҳоми бузурги мардум ва низомиён суханронӣ карда, ваъдаҳое ҷиҳати ислоҳи ҳукумат дод.
Ҷанг алайҳи англисҳо
Амонуллохон ҳамзамон бо бекор донистани созишномаи таслим бо англисҳо, ки соли 1905 имзо шуда буд, бо хитоб ба мардум ва артиши кишвар эълон кард: «…Замоне, ки мардуми шарафмандам тоҷи сарвари ба сари ман лоиқ мебинад, ошкор қавл медиҳам, ки барои эъмори Афғонистони озод ва мустақил дар умури дохилӣ ва берунӣ бо ҳам талош мекунем. Ин кишвар ба монанди кишварҳои дигари мустақил тамоми ҳуқуқҳоро хоҳад дошт».
Ҳукумати ӯ бо ҳимояти васеи мардум ва артиш хеле зуд назорати Кобул, хазинаи давлатӣ ва назорати роҳ то марзи Ҳинди мустамликаи Британияро ба ихтиёри худ гирифт.
Дар манбаъҳои таърихӣ омадааст, ки дар иҷрои тарҳи аз қудрат дур кардани амакаш Насрулло нақши сарбозони пойгоҳи низомии воқеъ дар шаҳри Ҷалолобод бузург буд. Амонулло бо яке аз дастурҳое, ки дод, амакашро ба зиндон андохт. Ӯ ба қатли падараш, амир Ҳабибулло муттаҳам дониста шуд ва ба ҳабси абад маҳкум гардид. Насрулло 21 майи соли 1920 дар зиндон аз дунё гузашт. Полковник Алӣ Ризохон иҷрочии ин қатл низ ба марг маҳкум шуд. Чанде аз мақомоти давлат, ки аз Насрулло ҳимоят мекарданд, аз ҷумла вазири молия Муҳаммад Ҳусайн, бародари худаш Иноятулло дастгир ва ҳабси хонагӣ шуданд.
Амонулло ба қавлаш вафо кард ва ба иҷрои бандҳои эъломияи худ аз 28 феврал ҷиҳати ислоҳоти сиёсӣ дар Афғонистон пардохт. Дар нахустин шумораи нашрияи расмии ҳукумати ҷавони Афғонистон «Амон Афғон» тарҳи дигаргуниҳои пешбинишуда дар низоми давлатро чоп кард.Дар маросими тоҷгузорӣ, яке аз шахсиятҳои бонуфузи Афғонистон Шероғо Муҷаддадӣ ба сари амири нав Амонулло сарбанди кабудеро баст, ки намои парчамро дошт ва онро амакаш амир Абдураҳмон бо худ аз Русия оварда буд.
Аз корҳое, ки Амонулло дар ҳафтаи аввали раҳбариаш кард, сафарбарӣ ба артиш, омода кардани ҷузвтомҳо ва ба ҳам овардани қабилаҳои сокини минтақаҳои марзии хориҷ аз тобеияти давлат дар ҷанги зидди артиши Британия буд. Ҷанги сеюми афғонҳо бо англисҳо 3 майи соли 1919 бо задухӯрд дар постгоҳи марзии Хайбар оғоз ёфт. Он замон нерӯҳои бритониёиву ҳиндӣ аз марз гузашта, ба се самт ҳамлавар шуданд. Дар посух ба ин Амонулло барои муқовимат бо таҷовузгарон ҷиҳод эълон кард. Муҳаққиқон бар ин боваранд, ки он вақт бад будани роҳҳои дохили Афғонистон, ки то он дам мушкили зиёде барои рафтуомад доштанд, монеаи пешрафти воҳидҳои муттаҳидаи таҷовузгар дар хоки Афғон буданд.
Раҳматулло Абдуллоев, муҳаққиқи тоҷик бар ин назар аст, ки мардуми боғурур ва озодихоҳи афғон аз як сӯ ва шароити кӯҳистонии минтақаҳои марзӣ, ки нерӯҳои муштараки британиявию ҳиндӣ аз он ҷо ворид мешуд, дар баробари набуди роҳҳои муносиб барои ҳаракати техникаи ҷангии англис монеаҳои асосии пешрафти таҷовузгарон буданд.
Бо вуҷуди он ки муқовимат барои артиши аз нигоҳи таҷҳизоти низомӣ заиф мушкили зиёде пеш оварда буд, аммо афғонҳо дар муддати се моҳ британиягиҳоро маҷбур карданд, 8 августи соли 1919 дар доираи музокироте дар мавзеи Равалпинди ба аҳдномаи сулҳ имзо гузоранд. Созишнома мантиқан пирӯзии Афғонистонро бозтоб мекард. Зеро бар асоси он нерӯҳои таҷовузгар аз хоки кишвар берун рафта, Британия истиқлолашро эътироф кард. Ду ҷанги дигари афғону англис, ки солҳои 1838–1842 ва 1878–1880 ба вуқӯъ омада буд низ бар ивази талафоти зиёди ҷонию молӣ бо пирӯзии афғонҳо ба поён расид.
Соли 1859 англисҳо Балуҷистонро ба Ҳинди тобеи Британия ҳамроҳ карда, Афғонистонро аз роҳи баҳрӣ маҳрум сохтанд. Соли 1893 тибқи нақшаи «Хати Дюранд», ки афсари англис Генри Дюранд сохта буд., сарҳади байни Афғонистон ва Ҳинд муқаррар шуд. Аз соли 1873 то соли 1895 бо имзои чанд созишнома сарҳади байни Русия ва Афғонистон низ муайян шуд.
Ҳадяи Ленин
Ҳатто пеш аз ин ҷанг ва то нишастан ба тахт ҳам Амонулло дар андешаи пайдо кардани шарик барои муқовимат бо Британия буд. Афғонистон ба раҳбарии ӯ аввалин кишваре буд, ки давлати Шӯравиро эътироф кард, Комиссари халқӣ оид ба корҳои хориҷии Русия Георгий Чичерин 7 апрели соли 1919 номае дарёфт кард, ки дар он Афғонистон бо эътирофи расмиии давлати большевикҳо хоҳиши барқарории робитаҳои дипломатӣ дошт.
Амонулло агарчи идеалҳои болшевикҳоро намеписандид, аммо дар талоши муносибати наздик бо Шӯроҳо буд. Раҳбари Афғонистон дар номаи хеш ба Раиси Шӯрои комиссарҳои халқӣ В.И. Ленин навишт, ки афғонҳо бо эҳсоси «зарурат ба ҳамбастагӣ ва дӯстӣ ба хотири сулҳ ва осоиштагии тамоми башарият омодаи барқарор кардани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ин кишвар ҳастанд».
Раҳбари Афғонистон дар нахустин номаи худ ба унвони Ленин, сарвари Русияро дӯст ва ҳомии мардуми мазлум хонда буд.
21 апрел амири Афғонистон бори дигар ба номи Ленин нома фиристод. Амонуллохон дар ин нома иттилоъ медод, ки генерал Муҳаммад Валихон ба мақоми Сафири Фавқулодда ва Мухтори Афғонистон таъин шуда, омодаи ҳамкорӣ аст.
Нахустин фиристодаи доимии давлати Шӯравӣ Яков Суритс танҳо бо гузашти 7 моҳ дар декабри соли 1919 ба Кобул омад. Ба ин тартиб аввалин дафтари доимии сафорати Ҳукумати коргару деҳқони болшевикҳо дар хориҷ, дар Кобул таъсис шуд.
Дар ҷавоб ба нома ва ҳадяҳои аз Кобул расида, пешвои ҳукумати большевикӣ як радиостансияи сохти муҳандисони русро ба амири Афғонистон ҳамчун ҳадя фиристод.
Дар ҳузури Сталин
Муносибатҳои Афғонистон ва Шӯравӣ пас аз марги Ленин ҳам гарм боқӣ монд. Робитаҳои иқтисодии ду кишвар рушд кард. Мутахассисони Шуравӣ корхонаҳоеро дар бахши саноат бунёд карданд. Аз ҷумла бо ёрии Шӯравӣ хати алоқаи телефонӣ байни Кобул ва Кандаҳор сохта шуд. Амонулло дар соли 1928 ба Москва сафар кард ва дар ин сафар ӯро ҳамсараш Сурайё, ки либоси аврупоӣ пушида буд, ҳамроҳӣ мекард. Дар Кремл меҳмони олирутбаи афғониро Сталин бо риояи тамоми расмиёт ва дар сатҳи баланд ба ҳузур пазируфт. Пас аз сафари Москва Амонулло ба кишварҳои Аврупо низ сафари тӯлонӣ анҷом дод.
Аммо ин таваҷҷуҳи аз ҳад зиёд ба Аврупо ва фарҳанги аврупоӣ боиси норозигӣ дар байни сарварони қавму қабилаҳои суннатгарои афғон гардид. Ошӯби густурдае дар ҳамон сол кишварро фаро гирифт, ки Амонуллоро маҷбур кард, 14 январи соли 1929 аз тахт даст кашида, аз кишвараш фирор кунад. Ҳабибуллои Калаконӣ, ки бо лақаби Бачаи Сақо машҳур шуд, ба тахт нишаст, дар муддати 9 моҳи ҳукмронӣ ӯ тамоми навсозиҳоеро, ки Амонулло бо тақлид ба Аврупо дар кишвар ба роҳ монда буд, тағйир дод.
Апрели соли 1929 Шӯравӣ ба Афғонистон дастаи дуҳазонафарии низомиёнашро бо фармондеҳии Виталий Примаков фиристод, то барои бозпас гирифтани қудрат ба Амонулло ёрӣ расонанд. Вале ғайри интизор Амонулло аз идомаи муқовимати мусаллаҳона даст кашид ва дар Ҳинд паноҳ бурд. Сталин ҳам дастури бозпас гардонидани ин дастаи аскарони ҷангиашро дод, то ҳузурашон дар хоки Афғонистон ҳамчун таҷовуз дониста нашавад.
…Дар шаҳри Кандаҳор маҳале ҳаст, бо номи Чорсӯ. Байни он дар майдоне, ки аз паҳлӯяш роҳи марказии шаҳр мегузарад, 3 тӯпи куҳна гузошта шудааст. Сентябри соли 1985 ҳамчун тарҷумони гурӯҳи мушовирони ВЛКСМ ба дафтари Созмони ҷавонони Афғонистон дар Қандаҳор фиристода шудам. Ман дар ин шаҳр ҳамтои худ Абдурозиқ Давлатовро, ки се сол боз онҷо буд, бояд иваз мекардам. Дар фурудгоҳ ва атрофи шаҳр қисмҳои ҳарбии Шӯравӣ ҷойгир буданд. Баробари ба шаҳр расидан, Абдурозиқ, дигар намояндагони низомию ғайринизомии Шӯравӣ ману мушовири навомадаро огоҳ карданд, ки рӯзона шаҳр дар дасти намояндагони ҳукумати расмии Кобул ва шаб дар ихтиёри мухолифони давлати марказӣ аст. Ҳатто рӯзона ҳам ба ғайр аз кӯчаи марказӣ дар дигар минтақаҳои шаҳр гаштани мо хатарнок буд. Мо дар канори шаҳр, дар маҳале, ки низомиёни ҳамватанамон ҷойгир буданд, манзил доштем ва ҳар пагоҳ ба маркази шаҳр ба кор мерафтем. Аз ҳамон Чорсӯ мегузаштем, ки тупҳои куҳнаро гузошта буданд. Ба мо гуфтанд, ки ин тӯпҳо нишонае аз ҳамон ҷанги афғонҳо бо артиши Британия аст, ки дар маҳале бо номи Майванд дар соли 1880 шикаст хӯрд.
Баъдтар ҷавонони афғони ҳамкорам нақл карданд, ки он пирӯзӣ ба туфайли ҷасорати бемонанди духтаре бо номи Малолай насиб шуда ва акнун номи ин духтар, ки он замон ҳамагӣ 17-18 – сола буд, дар таърихи озодихоҳии Афғонистон сабт аст. Ин воқеаи таърихӣ 27 июли соли 1880 рӯй додаст. Малолай Исҳоқзай замоне мебинад, ки аз майдони набард афғонҳо рӯ ба фирор меоранд, ба майдон баромада, бо шеърхонӣ ҷанговарони аҳли қабилаи худро ба муқовимат даъват мекунад. Дар ҳамон ҷанг агарчи ӯ кушта шуд, аммо номаш ҳамчун парчами озодӣ дар таърихӣ Афғонистон боқӣ монд.
Парчаме, ки дар имтидоди таърихи Афғонистон борҳо аз даст ба даст гузашта ва имрӯз, бо гузашти як асри истиқлол боз ҳам аз террор, инфиҷору худкушиҳои маргталабон ва бошаҳои ҷангӣ осебпазир аст.
С.Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: