Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Хате, ки сабабгори фоҷеа шуда

Хате, ки сабабгори фоҷеа шуда

27-01-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 614 нафар
Назарҳо: 0
Хате, ки сабабгори фоҷеа шудаИмрӯз, ки ҷаҳони муосирро хатароти мухталиф, аз қабили ифротгароиву терроризм, экстремизми диниву мазҳабӣ, миллатгароиву муборизаи синфӣ (ба монанди фаъолияти аҳзоби «чапгаро» дар Аврупову дигар манотиқи олам), миллатгароиву нажодпарастӣ ва амсоли ин «дастагул» зери таҳдиди шадиди худ қарор додааст, сари омӯзиши пайдоиши таърихии ин гуна зуҳуроти манфӣ кам таваҷҷуҳ карда мешавад. Ба истиснои коршиносоне, ки бевосита ба ин машғул ҳастанд, қисми ғолиби афрод, азҷумла дар кишвари мо низ аз сарчашмаҳои таърихии моҷарову бархӯрдҳои муосир хабардор нестанд. Ин ҷо мехоҳем сари як чунин моҷаро қадре андешаронӣ бикунем, ки ба фикри мо яке аз сабабҳои асосии бадбахтии ҳамсоякишварамон-Афғонистони ба хоку хун оғӯшта гардида, мӯҷиби хомӯш нагаштани низоҳои милливу мазҳабӣ дар ин кишвари баргаштабахт шудааст. Ин моҷарои таърихӣ бевосита ба миллати ҷафокашидаи куҳанбунёди мо низ дахл дорад, ки тафсилоташро зер хоҳем овард. Ва инак, оғоз мекунем;

Мортимер Дюранд- мехзан ба «тобут»-и Афғонистон


Ин моҷарои таърихӣ истилоҳи сиёсӣ дорад, ки онро ном «хати Дюранд» аст. Умуман, коршиносон ба ин назаранд, ки худи кишвари Афғонистон ҳамчун воҳиди сиёсӣ як падидаи сунъиест, ки қарни 19 англисҳо рӯйи кор овардаанд. Дар таърихи пеш аз ин қарн ягон замон вожае чун «Афғонистон» ҳеҷ гоҳ зикр нашудааст. Ин минтақа ҳар давру замон давлату аморату хонигариҳои зиёде зиёде дидааст, аммо «Афғонистон» ба ҳеҷ ваҷҳ набуда. Империяи Дурронӣ, Ғазнавиён, шоҳигариҳои Кобулу Ҳироту амсоли ин, ки то як андозае ин сарзаминро зери султаи худ қарор додаанд, аммо ҳеҷ замон «давлати Афғонистон» рӯйи харитаи минтақа вуҷуд надоштааст. Афғонистонро разведкаи англис барои роҳандозӣ намудани мақсадҳои хеш дар минтақаи паҳновари Осиёи Марказӣ ҳамчун давлати воҳид тавлид сохт. Мақсади асосии рӯйи кор овардани ин ташкилоти сунъии сиёсӣ садд (ба истилоҳи русӣ «буферное государство») гузоштан ба ҳаракати эҳтимолии артиши рус сӯи «дурдонаи тоҷи Империяи Британия» – Ҳиндустон буд, ки англисҳо аз он хавф доштанд. Ва такя бар ин, ба баъзе бародарони ҳамзабони мо дар фаросӯи рӯдхонаи Панҷ мавзӯи «ғалаба» дар ҷангҳои Англияву Афғонистон (3 ҷанг. 1838-1842, 1878-1880 ва 1919) бояд он қадар мояи ифтихор набошад. Оре, англисҳо кишварро тарк карданд, аммо баъд аз рафтан ҳамеша сари ҳукумати Кобул афроди «худӣ»-ро мемонданд – яъне, «мустақилият»-и Афғонистон нисбӣ будааст. Мусаллам аст, ки миллати афғон алайҳи ғосибон қаҳрамониҳо зоҳир намуд, аммо дар ниҳояти кор аз назари сиёсӣ мағлуб гардид. Тибқи созишномаи соли 1879, ки дар рустои Гандамак, наздики Ҷалолобод миёни қувваҳои даргир баста шуд, амири Афғонистон Муҳаммад Ёқубхон, писари амири фирорӣ Шер-Алӣ, эълон кард, ки «Афғонистон барои дидани ҷаҳон оинае надорад, ба ҷуз оинаи Ҳинд». Яъне, ҳукмронии англисҳо сари кишвар ҳукми қонуниро гирифт, ҳарчанд рӯйи коғаз Афғонистон ҳамоно чун «давлати мустақил» боқӣ мемонд. Дар ин муборизаи геостратегӣ миёни империяҳои Англису Рус, ки «Бозии Бузург»-аш низ меномиданд, англисҳо ҳамеша суд бурдаанд. Ва ҳамин кишвари Афғонистон, ки онҳо моҳирона рӯйи кор овардаанд, имрӯз бо он «коктейл»-и мураттаб аз миллатҳои гуногун бо низоҳои милливу мазҳабии хеш ва ҷоҳилияти асримиёнагиаш чун як «варами саратонӣ» («раковая опухоль») аст, ки имрӯз амнияти минтақаро таҳдид мекунад.

Акнун сари «хати Дюранд», ки бо мақсади шинос кардани хонандагони мо ба ин масъала хома ба даст гирифтаем. Ин мавзӯъ ҳамеша барои сарони Афғонистону Покистон аз мавзӯъоти ҳассос буда, ки дар замони султаи ҳар ҳукуматҳо дар ҳар ду кишвар муносиботи тарафайнро тира месохт. Хати Дюранд-сарҳад миёни Ҳиндустон (аз соли 1947-Покистон) ва Афғонистон аст, ки соли 1893 тибқи созишнома аз ҷониби котиб оид ба корҳои хориҷии ҳукумати Ҳиндустон (мустамликаи Англия) Мортимер Дюранд ва амири Афғонистон Абдураҳмонхон муайян карда шудааст. Ин сарҳад, ки 2640 тӯл дошт, ба қуллаи Сулаймон дарозо кашида, ба англисҳо имконият медод, ки роҳҳои кӯҳӣ ба Афғонистонро таҳти назорати хеш бигиранд. Солҳои 90-уми қарни 19 Англия дар сиёсати осиёимиёнагии хеш ду вазифаро пеши худ гузошта буд: аввалан, онҳо мехостанд сарҳадҳои Афғонистонро ба шимол вусъат дода, афғонҳоро ба ғасби заминҳои Бадахшони мо таҳрик бидиҳанд, ки Русия низ фикри тасарруфи онҳоро дошт. Баъдан, Англия барои худ мавқеи муфиди стратегиро мехост муҳайё созад, то ин ки ба Афғонистон бо таҳдиди ҳамла фишор оварад. Ҳамчунин англисҳо тасарруфи минтақаи баҳсии «қабилаҳои озод»-ро аз вазифаҳои муҳими худ медонистанд, то ин ки Русия ба ин минтақа роҳ наёбанд, ба ин минвол роҳҳои душворгузар, аммо аз нуқтаи стратеги муҳими кӯҳиро низ таҳти назорати худ гирифтан барои онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷа буд. Англия ҳалли масъалаи қабилаҳоро ба нафъи худ чун ҷузъи баҳснопазирии на танҳо муносиботи англисӣ-афғонӣ, балки тамоми баҳсҳои Англияву Русия дар Осиёи миёна медонист.Ҳукумати англисии Ҳиндустон талаботи худро ончунон муҳим медонист, ки амири Афғонистон Абдураҳмонхонро дар сурати ба имзо нарасонидани созишномаи сарҳадӣ таҳдиди ҷанг намуд.

Мортимер Дюранд дар Кобул ду созишномаро ба тасвиб расонд. Дар якум созишнома сарҳади миёни Русияву Афғонистон қад-қади Амударё, ки соли 1873 муайян гардида буд, тасдиқ карда шуд. Зимни ин созишнома Афғонистон ӯҳдадор гардид, ки ба Аморати Бухоро (Русия) мулкҳои дар соҳили рости рӯдхонаро-Рӯшону Шуғнонро бар ивази мулкҳои бухороии соҳили чап (як қисми Дарвоз) бидиҳад. Дар минтақаи бадахшонии Амударё сарҳади русу афғон ахиран соли 1895 муайян карда шуд. Чуноне маълум аст, ақидаву андешаи миллатеро, ки дар ду соҳили ин рӯдхона ҳазорсолаҳо мезист-тоҷиконро сари ин масъала ҳеҷ кас напурсид, чун дар бозии абарқудратон ин умуман муҳимият надошт! Аз ин бармеояд, профессори мӯҳтарам Раҳим Масов, таърихи «табартақсим»-и минтақа ва зарари он ба миллати куҳанбунёди мо ҳанӯз барвақттар ва аз ҷониби дигар «бозигарон» ба амал омада буд.

Бояд қайд кард,ки қонунияти «хати Дюранд» ҳамчун сарҳади миёни Афғонистону Ҳиндустони Бритониро на танҳо дар созишномаи соли 1893 балки дар дигар санадҳои ҳуқуқӣ- солҳои 1905, 1919, 1921 ва 1930 низ дарҷ гардидааст, ки дар онҳо ҷониби афғон имзои худро гузоштааст. Нигоҳ накарда ба ин, ҳукуматдорони муосири Афғонистон хати Дюрандро эътироф намекунад ва иброз медоранд, ки ин сарҳад қабилаҳои паштуро, ки қарнҳо дар ин минтақа мезистанд, аз ҳам ҷудо карда, дар ҳаракати озоди онҳо монеаҳо эҷод мекунад. Покистон бошад, ҳамеша оид ба эътироф намудани ин сарҳад манфиатдор буду ҳаст, ки ин мӯҷиби ихтилофоти сиёсии ин кишварҳост.

Коршиносон мегӯянд, ки Покистон дар фоҷиаи Афғонистон ҳамеша нақши бориз доштааст. Онҳо ба ин назаранд, ки ба Покистон давлати қавӣ ва босуботи Афғонистон лозим нест. Покистон ин кишварро ҳамчун ақибгоҳ барои ҷанги эҳтимолӣ бо Ҳиндустон баҳри Кашмир қабул дошта, ҳукумати дастнигарро сари салтанати Кобул дидан мехоҳад. Аммо ин ҷо ду масъалаи ба ҳам тавъами решаи таърихӣ дошта мавҷуд аст, ки муносиботи ҷонибҳои афғоеу покистониро тиратар аз тирашаб мекунад-аввалан худи «хати Дюранд», баъдан, ғояи бунёди «Пуштунистон», ки аз ҷониби Афғонистон дастгирӣ мешавад. Муҳим аст ёдоварӣ кунем, ки баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Исломии Покистон соли 1947, шоҳи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ бе ягон шартҳо онро эътироф намуд. Аммо баъдан муносиботи кишварҳо барои Пуштунистон мураккаб гардиданд. Дар Покистон дар хусуси дар кадом давлат-Ҳиндустон ё Покистон зистан райъпурсӣ миёни паштуҳо гузаронида шуд. Паштуҳо Покистони мусалмониро ихтиёр намуданд. Баъд аз гузаронидани райъпурсӣ ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Покистон талабот оид ба паштуҳо додани ҳуқуқи худмуайянкунии миллӣ пайдо шуданд. Афғонистон муқобили узвияти Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид баромад. Луйя Ҷирга (парлумон)-и кишвар тамоми санадҳои муяйянкунандаи сарҳадро ки миёни Афғонистон ва Ҳиндустони англисӣ баста шуда буданд, ғайриқонунӣ эълон намуд.

Нақши фаъолонаи Покистон дар «моҷарои афғонӣ»-ро худи сокинони ин кишвари ҷангзада асосӣ дониста, омили аслӣ ва таҳрикдиҳандаи амалиёти ҷангӣ кишвари ҳамсояро медонанд. Аммо ҷониби Поркистон ин иттиҳомро пайваста рад мекунад. Ҳукуматҳои пешин, шурӯъ аз Зоҳиршоҳу Муҳаммад Довуду Ҳафизулло Амин, Бабрак Кармалу Наҷибулло то андозае масъалаи Пуштунистонро аз асбоби сиёсии хеш қарор дода буданд, ки Покистонро ҳамеша «дарди сар»-аш буд. Баъд аз сари қудрат омадани қувваҳои муҷоҳидин сари қудрат ҳукумати покистонӣ орзуву омоли хешро сари ҳалли ин масъала дар шахсияти яке аз қумандонони хунхор-Гулбиддин Ҳикматёр, ки тарафдори конфедератсияи афғону покистонӣ буд, равона сохт, аммо ӯ низ ин омоли покистониҳоро натавонист пиёда созад. Ҳамин тариқ, рӯйи саҳна бозигари нав- ҳаракати «Толибон» омад. Равоншод Аҳмадшоҳи Масъуд, «Шери Панҷшер»,ки муборизаро алайҳи ин ҷунбиши террористӣ сарварӣ мекард, иброз дошта буд, «ки ҷанги Афғонистон ҷанги шаҳрвандӣ набуда, Покистон ҳамчун таҷовузкор яке аз иштирокчиёни асосии он аст».

Тибқи иттилои коршиносони афғон, баъд аз забти Кобул аз ҷониби толибон, назди президенти сарнагуншудаи Афғонистон Наҷибулло аввалин шуда намояндагони разведкаи покистонӣ омаданд ва аз ӯ талаб намуданд, ки санади омодашуда оид ба сарҳадро имзо гузорад, аммо ӯ қатъиян инро рад намуд. Баъд ӯро дар яке аз кӯчаҳои шаҳр ба дор овехтанд. Бармеояд, ки марҳум Наҷибулло пеш аз марги хеш боз як қаҳрамонӣ нишон додааст.

Сабаби дигари моҷарои Афғонистон ва нақши бевоситаи Покистон дар ин фоҷеаро таҳлилгарон дар он мебинад, ки Покистон ба ҳеҷ ваҷҳ тарафдори сари қудрат омадани тоҷикон сари ҳукумати Афғонистон нест. Ҳукумати шодравон доктор Бурҳониддин Раббонӣ, ки вазири мудофиааш қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуди равоншон буд, ҳамчун «устухон дар гулӯ»-и Исломобод буд, ки хадамоти кашшофии он - ISI дар ҳамдастӣ бо хадамоти махсуси кишварҳои хориҷ ҷунбиши «Толибон»-ро сари ин ҳукумат таҳрик дод. Чун ҳукумати тоҷикии Кобул метавонист, ки меҳвари сиёсати хориҷии хешро самти Эрон ва Тоҷикистони ҳамзабону ҳамтаъриху ҳамфарҳанг қарор бидиҳад, ки бар кайфияти покистониҳо набуду нест. Аз ин рӯ, Покистон ҳамеша ҷонибдор ба он аст, ки султаи Кобул дасти паштутаборон бошад, ки такя ба «колония»-и сершумори паштуи Покистон як асбоби бисёр муваффақи фишороварие хоҳад буд сари ин кишвари бадбахт.

Қазияи «хати Дюранд» «зуҳурот»-и манфие чун Вазиристон (минтақаи «қабилаҳои озод»-и қаблан зикргашта)-ро рӯйи кор оварда, ки имрӯз вазъи анқариб мустақилона дошта, ба пойгоҳу нишемангоҳи террористону ифротгароёни гуногун, аз қабили «Толибон»-у «Ҳаракати исломии Туркистон», «Лашкари ҷангӣ»-ву амсоли ин гаштааст, ки мутаассифона бархе аз ҷавонони гумроҳи моро низ ба вартаи ҳалокатбори хеш кашида. Ҷониби Покистон эълон медорад, ки вазъи Вазиристонро пурра зери даст дорад, аммо коршиносону таҳлилгарон ба ин иддао мутлақо розӣ нестанд.

Ҳамин тариқ, мебинем, ки зиёда аз 60 сол боз ин қазия муносиботи кишварҳоро сард сохтааст. Савол дар он аст, ки чи гуна онро метавон ҳал намуд? Назарҳо дар ин хусус мухталиф ҳастанд. Коршиноси маъруфи амрикоӣ оид ба масоили Афғонистон Бернет Рубин ва таҳлилгар Абубакр Сиддиқӣ аз Донишгоҳи Сулҳи Амрико бовар ба он доранд, ки «эътирофи сарҳади мавҷудбуда ба манфиати на танҳо Афғонистону Покистон, балки ба суди кишварҳои минтақа аст. Чунин сарҳадгузорӣ на танҳо ҳуқуқҳои паштуҳоро ба сифати шаҳрвандони ин ё он кишвар муайян мекунад, балки барои ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангии онҳо шароити мусоид фароҳам месозад». Чунин ақидаро сарвари Ҳизби конгресси миллии Афғонистон Латиф Пидром ҷонибдорӣ мекунад. ИМА низ хати Дюрандро сарҳади расмии миёни ин ду кишвар медонад. Дар ин маврид баромади намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистону Покистон Марк Гроссман дар яке аз шабакаҳои телевизионии хусусии афғонӣ бахшида шуда буд. Баъдтар ин нуқтаи назарро котиби матбуотии Департаменти Давлатии ИМА Виктория Нуланд низ тасдиқ кард, - «мавқеи мо дар ин самт тағйир наёфтааст. Сафир Гроссман дуруст қайд намуд, ки мо инро ҳамчун сарҳади аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшуда қабул дорем», - овардааст суханони бону Нуландро агентии «Пажвок».

Баромади Гроссман вокуниши шадиди ҳукуматдорони Афғонистонро рӯйи кор овард. Вазорати корҳои хориҷии кишвар эълон дошт, ки суханони Гроссман оид ба хати Дюранд бемавқеъ буда, «Хати Дюранд масъалаи таърихан муҳим барои миллати афғон аст ва ҳукумати кишвар ҳама гуна изҳороти ҳар афродро нисбати қонунияти он беасос медонад».

Аҷиби кор ин аст, ки на танҳо қисми зиёди аҳолии ду кишвар, балки ҳатто баъзе сарварони онҳо нисбати хати Дюранд маълумоти кофӣ надоранд. Ман шахсан аз афғонҳои муваққатан маскуни кишварамон оид ба ин қазия пурсон шудам, аммо аз 10-12 нафар танҳо як муҳассили аспирантураи яке аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ маълумоти каму беш дода тавонисту халос.

Ҳамин тариқ, мебинем, ки «мерос»-и Мортимер Дюранди марҳум имрӯз гурзи бисёр сангине сари миллатҳои ҷафокашидаи афғон задааст ва метавон онро ҳамчун яке аз омилҳои асосии рӯйи кор омадани фоҷиаи он донист, ки мутаассифона шамоли шуми он то як андозае сӯи мо ҳам мевазад.
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: