Имзои Созишнома оид ба истирдод миёни Тоҷикистону Афғонистон10-05-2016, 13:33
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми мулоқот аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба имзо карданд.
Инчунин дар ҳузури сарони кишварҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.