Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сафари Халилзод ба Афғонистон шуруъ шуд

Сафари Халилзод ба Афғонистон шуруъ шуд

10-01-2019, 09:48
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Сафари Халилзод ба Афғонистон шуруъ шуд

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон бо ҳадафи шуруи музокироти сулҳ бо Толибон сафари дуҳафтаинаеро ба Кобул ва дигар кишварҳои минтақа шуруъ кард.

Сафари ӯ рӯзи 8-уми январ оғоз ёфт ва дар рӯзе, ки намояндагони толибон гуфтанд, дар мулоқотҳои барномарезишуда дар бораи сулҳ дар рӯзҳои 9-ва 10-уми январ бо Халилзод ва дигар мақомоти амрикоӣ ширкат намекунанд.

Қарор аст, фиристодаи Амрико ба Чину Покистон ва Ҳинд сафар кунад ва ин сафар то 21-уми январ идома меёбад. Залмай Халилзод моҳи декабр бо намояндагони Толибон дар шаҳри Абузабӣ мулоқот дошт.

Як намояндаи ин гуруҳ дар Қатар ба Радиои Афғонистон Озод гуфтааст, ки то замони машварати оянда ва ҳалли масъалаи рузномаи мулоқот музокирот бо Халилзодро ба таъхир андохтаанд.

Як манбаи дигари Толибон гуфтааст, ки Амрико мехоҳад, намояндагони ҳукумати Афғонистон дар ин музокирот ширкат кунанд, дархосте, ки Толибон пайваста рад кардаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: