Бо иштироки масъулини Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Литсейи хусусии “Донишвар” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид. Хайём Амонов-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Маҳз истиқлолияти комили сиёсӣ ва Ваҳдати милии мамлакат буд, ки мардуми сарбаланди тоҷик ба дастовардҳои зиёд дар ҳамаи соҳаҳо комёб гардида, тақвият ва идомаи

устувор дорад.
Тибқи рӯзномаи маҷлис нахуст ба 7-нафар кормандони Литсейи хусусии “Донишвар”, ки дар асоси аризаи худашон ба сафи ҲХДТ пайваста буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Сипас, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо пешниҳоди аъзоён таъсис дода шуда, номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Донишвар” номгузорӣ карда шуд. Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизб ташкилоти мазкур Насиба Гардакова -Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар” интихоб карда шуд.
Насиба Гардакова -раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар” ҳозиринро хайрамақдам намуда, оид ба вазъияти геополитикии дунёи муосир, таҳлил ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ дар ҷаҳон, муқоисаи таҳлили дар соҳаҳои гуногун, вазъи иҷтимоии давлатҳо ва шукргузорӣ аз давлату давлатдорӣ суханронӣ кард. Мавсуф махсусан қайд намуд, ки мо аз ин ҳам бештар баҳри ҳимояи Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои Истиқлолият, ҳимояи ҳар порча хоки Ватан, муаррифии миллат ва тарбия намудани наврасону ҷавонон дар ҷодаи илмомӯзӣ талош хоҳем кард.