Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафқат” таъсис ёфт

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафқат” таъсис ёфт

18-03-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафқат” таъсис ёфт
Дар ташкилоти иттифоқи маъюбони садамаи неругоҳи барқии Чернобел дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташкилоти ибтидоии ҳизби таъсис дода шуд.
Дар маҷлиси муассисони ташкилот Носирҷон Мирзоев муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Изатуллои Ҳабибзод мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, иштирок намуданд.

Носирҷон Мирзоев муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз иштироки фаъолонаи тоҷикон дар садамаи неругоҳи барқии Чернобел ёдовар шуда, қайд намуд, ки хизматҳои онҳо барои мо мояи ифтихор аст. Изҳори хушҳолӣ карда шуд, ки таъсис ёфтани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти иттифоқи маъюбони садамаи неругоҳи барқии Чернобел дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бисёр муфид буда, баҳри татбиқ намудани ғояҳои созандаи ҳизб ва амали намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат имконият хуб хоҳад шуд.

Дар идомаи суханрониҳои худ Носирҷон Мирзоев аз таҳаввулоти сиёсии ҷомеаи ҷаҳон, бархурди тамаддунҳо ва ифротгароиву хурофотпарастӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар чунин шароит назди мо масъулиятҳои бузурге ба мисли тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву ватандустӣ, ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар ва пос доштани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ истодааст.

Боварии зиёд карда шуд, ки иштирокчиёни садамаи неругоҳи барқии Чернобел барои амали намудани ин рисолат кушиш хоҳанд намуд.

Дар маҷлиси муассисон номи ташкилот “Шафқат” гузошта шуда, Абдураҳим Шарипов раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафқат” интихоб карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: