ИСТИҚЛОЛИЯТ 25 ТАЪСИС ЁФТ10-10-2016, 15:06
Хабарро хонданд: 559 нафар
Назарҳо: 0
Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он намоядагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Тибқи рӯзномаи маҷлис нахуст ба 11-нафар кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ пайваста буданд дар вазияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Сипас ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, номи ташкилот “Истиқлолият 25” номгузорӣ карда шуд. Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизби ташкилоти мазкур Холов Абдулҳаким Қувватович раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлолият 25” интихоб карда шуд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия Изатуллои Ҳабибзод нахуст ҳамаи ҳозиринро аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт. Мавсуф аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Маҳз, истиқлолияти комили сиёсии мамлакат буд, ки мардуми сарбаланди тоҷик ба дастовардҳои зиёде дар ҳамаи соҳаҳо комёб гардиданд. Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.