Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мавқеи устувори занон дар ҷомеа

Мавқеи устувори занон дар ҷомеа

23-03-2019, 10:30
Хабарро хонданд: 366 нафар
Назарҳо: 0
Мавқеи устувори занон дар ҷомеа

Бояд гуфт, ки имсол Паём ба замоне рост омад, ки соли сипаригардида фаровон аз дастоварду пешравиҳои азими халқу кишвари тамаддунофарамон буд. Пеш аз ҳама - ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки солиёни дароз интизораш будем. «Роғуне»-ро, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳбарӣ чун фарзанд зери қаноти ҷаҳонпарвози худ ҷой дод, чун гавҳараки чашм эҳтиёт кард ва чун Рустами Достон бо дастони накубахшаш 16 ноябри соли 2018 ба кору ба бор овард. Баъдан, дар ҷодаи сиёсати хориҷаи мамлакат. Аз ҷумла, баъди чандин солҳо муваффақ гаштани мамлакат ба дипломатияи дуҷонибаи худ. Маълум аст, ки соли сипаригашта бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар сиёсати дуҷонибаи ду давлати бародар муваффақияту дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваст: ба имзо расидани зиёда аз 50 ҳуҷҷати ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун, тамдид намудани муҳлати будубоши бераводиди шаҳрвандони ду давлат то сӣ рӯз, муҳайё намудани шароит барои бемонеа ворид гаштан ба ҳудуди ду давлат ва дигар ташаббусҳои созанда аз сатҳи баланди муносибати ду давлат гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз аз ин ҳамгироию дӯстии абаддидошта занону модарони тоҷику ӯзбек бо синаи пур аз меҳру садоқат дуои нек дар ҳақи Сарварони ҳарду давлат мекунанд. Дар баробари ин мисолҳои зиёдеро метавон ёдовар шуд.
Дар қатори дигар масъалаҳои муҳим Президенти мамлакат чун солҳои пешин зимни ироаи Паём оид ба нақши зан - модар ибрози андеша ва пешниҳодҳои ҷавонмардона намуда, бо таваҷҷуҳ ба ҳаёти занони мамлакат иброз доштанд, ки «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад».
Дар иртибот ба ин Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки «Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон ба маротиб афзоиш ёфтааст».
Аз ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат мо занону модарони тоҷик хеле шод гардидем ва дар ҳақиқат бинед, тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 бошад ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст.
Дар соҳаи тандурустӣ бошад соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафарашон занону духтарон буданд. Соли 2018 аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда ба 51 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар мамлакат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №158 аз 1 апрели соли 2017, дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №548 аз 29 августи соли 2015, дар бораи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, дар бораи қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020 ва даҳҳо дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқие, ки барои таҳкиму самаранокии фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногун ва муҳими мамлакат равона гардидаанд.
Дар мақоми олии қонунгузори мамлакат Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии қонунҳо ва дастуру фармонҳои Пешвои муаззами миллат оид ба баланд бардоштани мавқеи занон пайваста корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Ин аст, ки назар ба солҳои гузашта, сафи занон-вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда, айни ҳол дар Маҷлиси миллӣ 6 нафар ва 13 нафарро дар Маҷлиси намояндагон ташкил медиҳанд. Албатта, нақши онҳо дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Аз ҷониби дигар, тӯли се соли охир бо дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон нақши занони роҳбарикунанда рӯ ба афзоиш оварда, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳисоби занон ба зиёда аз 50 нафар расида, аз инҳо 38 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.
Боиси ифтихори мо занон аст, ки ғамхориҳои Президенти мамлакат нисбат ба занон рӯз ба рӯз афзун гардида, қобилияти меҳнатии занон ҳаматарафа инкишоф ёфта, тамоми ниҳодҳои давлатию хусусӣ барои занҳо шароитҳои беҳтарини кориро фароҳам оварда истодаанд. Дар ин робита мо занон қабл аз ҳама шукр аз Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, аз суботи сиёсӣ дар кишвари азизамон, аз тараннуму якдиливу якпорчагии ватани маҳбубамон, аз таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа менамоем.
Мо, бонувони кишвар ҳамаи дастуру пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллатамонро бо дарки модаронаю ватандӯстона эҳсос намуда, гуфтанием, ки ғамхориҳои Президенти мамлакат моро водор месозад, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона, инсонпарварона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз пешина дида боз қадамҳои устувор мегузорем.


Сайёра Бобоева муовини мудири шуъбаи муроҷиат
ва қабули шаҳрвандони Даcтгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: