Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Курси бомӯзӣ барои занони роҳбарикунанда

Курси бомӯзӣ барои занони роҳбарикунанда

3-11-2015, 16:12
Хабарро хонданд: 429 нафар
Назарҳо: 0
Курси бомӯзӣ барои занони роҳбарикунандаБо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва инчунин дар мавзӯи «Имиҷи зани сарвар» курси бозомӯзӣ гузаронида шуд.
Дар курси бозомӯзӣ Хидирзода Махфират раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти курси бозомӯзӣ зикр гардид, ки пеш аз ҳама зан-модар тарбиятгари асосӣ ба ҳисоб рафта, барои тарбияи фарзанд ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани фарзанд нақши муҳим дорад. Дар солҳои охир дар мақомҳои роҳбарикунанда занон хеле зиёданд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат мақоми занро хеле баланд бардошта нисбати занон таваҷҷуҳи хоса дорад.
Инчунин Хидирзода Махфират дар мавзӯи «Имиҷи зани сарвар» қайд кард, ки имиҷ як ҷанбаи муҳимтарин дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зан роҳбар бояд тарзи дуруст роҳ гаштан, истифодаи дурусти ҷавоҳирот ва тарғибгари либосҳои миллии худамон бошад. Муносибати зани роҳбар бо зердастони худ бояд дуруст ба роҳ монда ва ҳамеша барои тарбияи кадрҳои оянда, бахусус барои занону духтарони лаёқатманд равона карда шавад.
Бо ироаи тавсияҳо ба иштикрокчиён курси бозомӯзӣ барои занони роҳбарикунанда ба охир расонида шуд.
©Кумитаи иҷроия дар в. Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: